Дар Тоҷикистон ҳавола - як шеваи нави интиқоли пул густариш меёбад, ки аз он ҳам муҳоҷирони корӣ ва ҳам қочоқчиёни маводи мухаддир истифода мекунанд.
Дар ҳоле ки вакилони мудофеъ мегӯянд, қонуни нави адвокатура озодии онҳоро маҳдуд мекунад, мақомот мегӯянд, ҳадаф на кашидани лаҷоми адвокатҳо, балки боло бурдани сатҳи тахассусии онҳост.
Шаҳбоз Салоҳов, донишҷӯи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон робот ва ё дастгоҳи худкореро сохтааст, ки заҳмати нақбканҳоро метавонад осонтар ва бехатар кунад.
Дар арафаи мулоқоти анъанавии раисиҷумҳур бо аҳли зиё дар як маҳфили донишмандони тоҷик дар Душанбе мавзӯи «Зиёӣ дар пешорӯи тарс ва ҷасорат» баҳс шудааст.
Як сокини шаҳри Душанбе, ки қаблан шаҳрдор Муҳаммадсаид Убайдуллоев ва вазири дифоъ Шералӣ Мирзоро ба додгоҳ кашида буд, ҳоло бо омбудсмен Зариф Ализода вориди чунин даъво шудааст.
Назорати шадиди мақомоти Тоҷикистон ба гардиши доллар дар савдо ва саррофиҳо, сабаби густариши “бозори сиёҳ” дар шаҳри Душанбе шудааст.
Бонки миллӣ бо дархости саррофон қурби доллар дар баробари сомониро таъин кардааст. Ба қавли масъулон, 100 доллар ба ивази 628 сомонӣ харида ва ба ивази 630 сомонӣ фурӯхта мешавад.
Рустаборон дар Тоҷикистон аз камбуди гӯшти хук ва маҳсулоти аз он омодашуда дар бозорҳову дӯконҳои ин кишвар шикоят мекунанд. Омори расмӣ мегӯяд, ҳоло дар кишвар ҳамагӣ 456 хук боқӣ мондааст.
Дар ҳоле ки арзиши як доллар дар саррофиҳои Душанбе ба шаш сомониву бист дирам баробар шудааст, баъзе аз иқтисоддонҳои тоҷик пешниҳод доранд, ҳукумат афви молиявӣ эълон кунад.
Сарвазири кунунии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо вуҷуди беш аз як соли охир дар ин мақом ҳамчунон як шахсияти дар соя боқӣ мондааст.
Рӯзи 8 март дар Тоҷикистон аз Рӯзи модар таҷлил мекунанд. Дар кӯчаҳои Душанбе субҳи якшанбе тараддуди мардум барои харидани тӯҳфаҳои идона бештар ба назар мерасид.
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, барномаи нави таълимиро таҳия кардааст, ки бар асоси он тадриси забони русӣ дар куллия мактабҳои кишвар то як соат афзоиш дода хоҳад шуд.
Як таҳқиқ нишон додааст, як деҳқони тоҷик 4 нафарро мехӯронад, аммо деҳқони исроилӣ - 97 нафарро. Хабарнигорони Озодӣ барои рӯшан кардани ин вазъ ба сари замини яке аз сокинони Ҳисор рафтанд.
Миклош Ҳарасти, раҳбари ҳайати нозирони САҲА дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, дар интихоботи Тоҷикистон фарқи байни президент, ҳукумат, ҳизби ҳоким ва ниҳодҳои интихоботӣ зиёд маълум намешуд.
Нозирони САҲА мегӯянд, интихоботи Тоҷикистон дар як шароити маҳдуди сиёсӣ гузашт. Аммо нозирон аз СНГ ва созмони Шанхай ин маъракаро демократӣ номиданд.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, чораҳои шадиди амниятӣ дар остонаи интихоботи парлумонӣ рӯи даст гирифта шуда, ҳадаф на монеагузорӣ, балки таъмини амният дар ҷараёни ин маъракаи сиёсист.
Волидони Ҳизбаллоҳ Басирҷонзода, сокини Исфара, иддао доранд, ки писари онҳо аз дасти падари духтари дӯстдоштааш кушта шудааст.
Як сарбози пойгоҳи 201 барои латту кӯби Дилшод Хушов, сокини Душанбе боздошт шудааст. Вале масъулони пойгоҳ мегӯянд, ҳанӯз таҳқиқот ба анҷом нарасида, маълум нест, моҷароро кӣ сар кардааст.
Бо дастури Эмомалӣ Раҳмон 7 мақоми баландпояи додситонӣ ва оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон аз вазифаҳояшон озод шуданд.
Ҳукумати Тоҷикистон бо судури як қарор ҳанӯз рӯзи 27 январ муомилаи корхонаи алюминиюми Тоҷикистон бо ширкати русии "РусАл"-ро пазируфта, ТАЛКО-ро ба пардохти қарзҳои "Созидание", ширкати наздик ба Олег Дерипаска муваззаф кардааст.
Ёфтҳои бештар