Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қоҳир Расулзода - сарвазири шашуми Эмомалӣ Раҳмон


Сарвазири кунунии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо вуҷуди беш аз як соли охир дар ин мақом ҳамчунон як шахсияти дар соя боқӣ мондааст.

Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон имрӯз 54 сола шуд. Расулзода пас аз 7 соли раиси вилояти Суғд будан охири соли 2013 ба мақоми нахуствазири Тоҷикистон таъин карда шуд.

Дар ҳукумати раисиҷумҳури кунунӣ Эмомалӣ Раҳмон курсии нахуствазирӣ моли намояндагони шимоли Тоҷикистон дониста мешавад ва Қоҳир Расулзода бо риояи ин қоидаи нонавишта ба ин мансаб таъин крада шуд.

Нахуствазирон дар давлатҳои дигари дунё аз ҷумла дар ҳамсоякишварҳои Тоҷикистон аз салоҳиятҳои зиёде бархурдоранд ва баъд аз президент маъмулан шахсияти дувуми сиёсӣ дониста мешаванд. Аммо дар Тоҷикистон, президенти кишвар ҳамзамон раиси ҳукумат аст ва мансаби сарвазир вазифаи номиналӣ шинохта мешавад.

Оқил Оқилов
Оқил Оқилов

Дар ҳамин ҳол, то таъин шудани Расулзода ба мақоми сарвазирӣ миёни таҳлилгарони сиёсӣ ин андеша низ ҷой дошт, ки Оқил Оқилов, нахуствазири пешини Тоҷикистон шахси солхӯрда аст ва бинобар камфаъолияш дар сиёсати кившар қариб нақше надорад. Аз ин рӯ, коршиносон бо таъин шудани Расулзода ба мақоми нахуствазирӣ аз фаъолияти бештареро дар арсаи сиёсӣ интизор буданд. Вале бо гузашти беш аз як сол аз таъин шудани Расулзода ба мақоми нахуствазирӣ исмаш дар васоити ахбори умум аҳёнан ба чашм мерасад.

Аммо Абдуғанӣ Маҳмадазимов, роҳбари анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон мегӯяд, камранг будани нақши сарвазир дар арсаи сиёсии Тоҷикистон ба шахсиятҳои алоҳида бастагӣ надорад. Вай азуд, аз чашми омма нисбатан дур боқӣ мондани кори сарвазир дар Тоҷикистон бо он вобаста аст нахуствазир раиси ҳукумат нест: “Сарвазир дар Тоҷикистон шахси наздик ба мардум (публичное лицо) нест. Мақоми президент ва раиси ҳукумат дар як шахс ифода ёфтааст. Кори сарвазир дар мо бо ҳамоҳангсозии кори вазоратҳо ва таҳияи барномаҳои дарозмуддат маҳдуд шудааст.“

Қоҳир Расулзода ва Эмомалӣ Раҳмон
Қоҳир Расулзода ва Эмомалӣ Раҳмон

Аммо ҷаноби Маҳмадазимов афзуд, сарвазир дар хотираи мардуми тоҷик як мақоми хос, босалобат ва бошукӯҳи сиёсӣ боқӣ мондааст. Чун ба таъкиди ӯ, тоҷикон дар сулолаҳое зиндагӣ крадаанд, ки умдатан амиронаш аҷнабӣ буданд, аммо сарвазир маъмулан тоҷик буд.

Аз ин рӯ, дар адабиёти тоҷик доноӣ ва оқилии “сарвазир ва ё вазири бузург” зиёд васф шудааст. Маҳмадазимов мегӯяд, имрӯз мақоми сарвазирӣ он шукӯҳу шаҳомати таърихии худро надорад, вале мардуми бо назардошти хотираи таърихии хеш ба чунин сарвазир ниёз дорад.

Онҳое ки Қоҳир Расулзодаро аз наздик мешиносанд, мегӯянд, ки ӯ як шахси эҳтиёткор аст ва аз хатти кашидаи раисҷумҳур ҳеҷ гоҳ берун қадам наниҳодааст. Ба эҳтимоли зиёд маҳз ҳамин хисалти ӯ ба таъкиди нозирони умур писанди раисҷумҳур шуд, ки аз миёни номзадҳои мавриди назар ба ин мақом пазируфта шуд.

Дар ҳамин ҳол, онҳое ки ҳамроҳи Расулзода дар 7 соли раиси вилояти Суғд буданаш ҳамкор буданд, аз ӯ ҳамчун “менеҷери муваффақ” ва “бо дарди мардум ошно” сифат мекунанд.

Қоҳир Расулзода бо раисиҷумҳури Қирғиқистон Алмосбек Отамбоев
Қоҳир Расулзода бо раисиҷумҳури Қирғиқистон Алмосбек Отамбоев

Илҳоми Ҷамолиён, ки дар замони раёсати Расулзода дар Суғд, роҳбари идораи таҳлил ва иттилооти вилоятро ба ӯҳда доштааст мегӯяд, Расулзода бо мардум робита хеле зич барқарор карда буд. Чун ба гуфтаи ин ҳамсуҳбати мо бо мардуми ноҳияҳои гуногуни вилоят суҳбату вохуриҳои зиёд анҷом медод.

Вай афзуд: “Дар мавриди натиҷаи раёсати Расулзода ман як нуктаи муҳимро гуфтаниям. Ҳангоми таъин шуданаш ба мақоми раиси вилояти Суғд буҷаи кулли вилоят камтар аз 200 миллион сомонӣ буд. Вақте аз ин вазифа рафт, аллакай буҷаи вилоят аз як миллиард сомонӣ бештар шуда буд. Яъе дар тӯли 7 соли фаъолияташ тавонист буҷаи вилоятро панҷ маротиба бештар кунад.”

Ба бовари Ҷамолиён, маҳз ҳамин дастовардҳои Расулзода буд, ки раисиҷумҳур ӯро ба мансаби болотар таъин кард, то дар сатҳи ҷумҳурӣ барои мардуми Тоҷикистон хизмат кунад.

То Қоҳир Расулзода, Оқил Оқилов, ба ҳайси сарвазири Тоҷикистон кор кард. Дар ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон Оқилов сарвазири дарозумртарин буд ва аз соли 1999 то 2013, 14 сол дар ин симмат кор кард. Сарвазирони пешин Абдумалик Абдуллоҷонов, Ҷамшед Каримов, Абдуҷалил Самадов ва Яҳё Азимов дар ин мақом умри ду ё сесолае беш надоштанд.

XS
SM
MD
LG