Фаррух Ҳасанов, овозхони 25-солаи тоҷик, баъди пирӯзӣ дар тарҳи мусиқии "Ну-ка, все вместе!" дар Русия ба Душанбе баргашт. Даҳҳо нафар шоми 28-уми ноябр ба пешвозаш ба фурудгоҳ шитофтанд.
Баъд аз манъи содироти газ аз Қазоқистон ва боло рафтани нархи он дар Тоҷикистон, мақомот дар ҷустуҷӯйи роҳҳои нави ворид кардани ин навъи сӯзишворӣ шудаанд. Аз ҷумла, мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд, содироти газро аз Туркманистон ба роҳ монанд.
Мудири Бунёди кӯдакони Созмони Милал (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон мегӯяд, аз шаш кӯдаки тоҷик танҳо фақат як нафари онҳо тарбияи томактабӣ мегиранд ё инки ба боғча мераванд.
Cафирони баъзе аз кишварҳои муқими Тоҷикистон ба ёди қурбониёни “Голодомор” ё қаҳтӣ дар Украина, ки як аср пеш рӯй дода, боис ба марги то даҳ миллион нафар шуд, гирдиҳам омаданд. Маросим рӯзи 25-уми ноябр дар калисои католикии шаҳри Душанбе гузашт.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон Тоҷикистон рӯзи сешанбе бо сафари расмӣ ба Русия рафт. Душанбе ва Маскав шарикони стратегӣ дониста мешаванд ва Русия дар хоки Тоҷикистон азимтарин пойгоҳи низомии хориҷиашро ҷой додааст ва низ соле то як миллион шаҳрванди Тоҷикистон ба Русия барои кор мераванд.
Ҳунармандону ҳаводорани Бозор Собир, шоири шинохтаи тоҷик, зодрӯзи ӯро дар гӯристони Лучоб ҷашн гирифтанд.
Як таҳқиқоти шабакаи ҷаҳонии World of Statistics нишон додааст, ки духтарон дар Тоҷикистон асосан дар 18-солагӣ шавҳар мекунанд. Бар пояи ин пажӯҳиш, дар муқоиса ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, духтарон дар Тоҷикистон барвақтар оиладор мешудаанд.
Ин маротиба назари сокинони Душанберо дар ҳамин бора пурсидем.
Бо фаро расидани сардиҳо акнун муҳоҷирони тоҷик ба ватан бармегарданд. Дар як соли ахир муҳоҷирони тоҷик дар Русия чӣ ҳол доштанд? Шароити корашон чихел буд ва даромадашон кам шуд ё бештар?
Баъзе посухҳои муҳоҷиронро инҷо хонед:
Соли 2016 порлумони Тоҷикистон 16-уми ноябрро ҳамчун Рӯзи президент эълон кард. 16-уми ноябр зоҳиран барои он Рӯзи президент интихоб шуд, ки дар ҳамин рӯз бори аввал соли 1994 Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси президенти Тоҷикистон савганд ёд карда буд.
Хабарнигорони Радиои Озодӣ дар хиёбонҳои Душанбе аз сокинон пурсиданд, ки агар имкони суҳбат бо Эмомалӣ Раҳмонро дошта бошанд, ба президент аз кадом мушкилашон мегӯянд?
Як пизишк дар суҳбат ба Радиои Озодӣ шарҳ дод, ки дар чунин вазъи ҳаво барои эмин нигоҳ доштани худ аз беморӣ, сокинон бояд кадом корҳоро анҷом диҳанд.
Шабакаҳои иҷтимоӣ пур аз эълонҳо дар бораи фиристодан ба ҳаҷҷи умра шудааст. Дар як соли ахир даҳҳо нафар аз тариқи Узбекистон барои адои ҳаҷи умра ба Арабистони Саудӣ рафтанд.
Аз як руҳонӣ ҳам суол кардем, ки аз нигоҳи динӣ барои кадом гуруҳи мардум рафтан ба ҳаҷ фарз аст?
Амрико ба 13 созмони ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон барои мубориза бо ифротгароиву терроризм, пешгирӣ аз хушунату зӯроварӣ дар хонавода ва омӯзиши хабаррасонӣ ба рӯзноманигорони ҷавон кумаки молӣ кардааст.
Пажуҳишгоҳи амрикоии арзёбии афкори ҷомеаи Gallup дар радабандии кишварҳо дар масъалаҳои қонун ва тартибот Тоҷикистонро бар пояи назари сокинонаш "амнтарин кишвари ҷаҳон дар соли 2023" донистааст. Аммо бо ин андеша дар Тоҷикистон на ҳама розӣ аст.
Ҳукумати “Толибон” чанд соли дигар “умр” хоҳад дид? Ҷабҳаи муқовимати миллиро дар оянда чӣ интизор аст? Чаро ҷангҷӯён дар Бадахшони Афғонистон “лона” мондаанд?
Фернан де Варен, гузоришгари вижаи Созмони Милал дар умури ақаллиятҳо ё камшуморон, ёздаҳ рӯз дар Тоҷикистон буд. Ӯ бо намояндагони ҳукумат ва ақаллиятҳои гуногун суҳбат дошт. Радиои Озодӣ дар мусоҳибае рӯзи 19-уми октябр аз Фернан де Варен хулосаи сафар ва мулоқоташро пурсид.
Фернанд де Варен, гузоришгари вижаи Созмони Милал дар умури ақаллиятҳо ё камшуморон, ёздаҳ рӯз дар Тоҷикистон буд. Ӯ бо намояндагони ҳукумат ва ақаллиятҳои гуногун суҳбат дошт. Радиои Озодӣ дар мусоҳибае рӯзи 19-уми октябр аз Фернанд де Варен хулосаи сафар ва мулоқоташро пурсид.
Ёфтҳои бештар