Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пурсиш аз мардум: духтарон дар чандсолагӣ бояд издивоҷ кунанд? ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Як таҳқиқоти шабакаи ҷаҳонии World of Statistics нишон додааст, ки духтарон дар Тоҷикистон асосан дар 18-солагӣ шавҳар мекунанд. Бар пояи ин пажӯҳиш, дар муқоиса ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, духтарон дар Тоҷикистон барвақтар оиладор мешудаанд. Чаро баъзе хонаводаҳо дар Тоҷикистон мехоҳанд духтарони худро тезтар ба шавҳар диҳанд? Хабаррнигорони Радиои Озодӣ назари сокинони Душанберо дар ҳамин бора пурсиданд. БАЪЗЕ ПОСУХҲОРО ИНҶО ХОНЕД:

  • барои духтарон дар синни 20-21 солагӣ издивоҷ кардан муносибтар аст. Барои писарон бошад 25 солагӣ хубтар аст. Модарон мехоҳанд духтарон тезтар ба шавҳар баромада, хушбахт шавад, ба роҳи бад наравад.
  • ҳозир гапҳо ҳаст, ки духтарон аз синни 21-22 солагӣ гузаранд, дигар ҳеч кас онҳоро намегирад. Аммо ба фикри ман агар духтар аз уҳдаи худаш баромада тавонад ва босавод бошад, дар чандсолагӣ, ки набошад оила барпо карда метавонад. Ба шарте, ки савод дошта бошад ва роҳу равиши зиндагиро донад
  • баъзе хонаводаҳо духтаронашонро дар синни 17-18 солагӣ оиладор мекунанд, ки нодуруст аст. Чунки духтарон барои ҳаёти мустақилона ҳанӯз омода нестанд.
  • ман худам дар 23 солагӣ шавҳар кардам, ҳамааш хуб буд. Дар 18-19-солагӣ шавҳар медиҳанд, ҳоло онҳо ҷавон ҳастанд. Баъд ҳар рӯз дар хона ҷанг мешавад.

Духтарон бояд дар чандсолагӣ оиладор шаванд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:37 0:00

БИНАНДАГОНИ АЗИЗ ШУМО ДАР ИН БОРА ЧӢ НАЗАР ДОРЕД?

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG