Ҷӯрабек Муродов – ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ – мегӯяд, ки дар Узбакистон ба беҳтар шудани равобит бо Тоҷикистон хушбинанд. Муродов охири моҳи сентябр бо даъвати хонаводаи Шералӣ Ҷӯраев – овозхони шинохтаи Узбакистон – ба ин кишвари ҳамсоя рафта буд.
Фотима Азиз, намояндаи Вулуси Ҷирга, вазъи бади амниятиро дар Кундуз ҳосили бетаваҷҷуҳии масъулони амниятӣ донист ва гуфт, "барои бори дувум мардуми Кундузро ба коми наҳанг супурдаанд. Инҳо дар баробари Худо ва миллат чӣ ҷавоб доранд?"
Искандар Тӯйчӣ Саидзода – додраси собиқи додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ – ба ҷурми гирифтани 111 ҳазор доллар пора ба 11 соли зиндон маҳкум шудааст. Як манбаъ дар Додгоҳи олӣ гуфт, ҳукми Саидзодаро ҳафтаи гузашта бар асоси моддаи 319-и Кодекси ҷиноӣ содир карданд.
Таҷрибаи сохтани қабрҳои бетонӣ дар рӯи замин дар оромгоҳи “Муродбахш”-и шаҳри Хуҷанд боиси баҳсҳои тӯлонӣ шуд ва ахиран мақомот гуфтаанд, ки дигар набояд мурдаҳо ба чунин хонаи охират гусел карда шаванд.
Созмони Дидбони ҳуқуқи башар ё Human Rights Watch аз боздошти, ба қавли масъулонаш, мармузи Ҷаннат Ҳамзаева – ҳамсари Собир Валиев – шадидан изҳори нигаронӣ карда, аз мақомоти Қирғизистон хост, ки ӯро ба зудтарин фурсат раҳо кунанд.
Афроди наздик ба Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода – собиқ муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон – хабари боздошти ӯро рад карданд. Ҳабибулло Рабиев, яке аз нафарони наздик ба Тӯраҷонзода, гуфт, ӯ сиҳату саломат дар манзили зисташ дар маҳаллаи Карим Исмоили ноҳияи Ваҳдат қарор дорад.
Ширкатҳои мобилии Тоҷикистон арзиши ҳар дақиқаи гуфтугӯ бо Русияро то 1 сомонӣ боло бурданд ва ин нархномаи нав аз якуми октябр ба иҷро даромад. Ин ширкатҳо гуфтанд, нархномаи нав бо дастури Хадамоти зиддимонополӣ ва бо назардошти болоравии қурби доллар таҳия шудааст.
Вакили боздоштшудаи тоҷик Бузургмеҳр Ёров гуфтааст, ки ӯ на аз рӯи тарафдорӣ ё алоқааш ба ҳизби ҳоло мамнӯи наҳзати исломӣ, балки аз рӯи, ба қавли ӯ, виҷдони адвокатияш аз ҳаққи намояндагони боздоштшудаи ин ҳизб дар моҳи сентябри соли гузашта ҳимоят карданӣ буд.
Шаҳзодаи Самарқандӣ (Шаҳзода Назарова), рӯзноманигор ва нависандаи тоҷики муқими Ҳолланд, романи севуми худро бо номи “Регистон” ба дасти чоп супурд. Ӯ рӯзи 26 сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки қарор аст, китоби наваш дар моҳи ноябри имсол ба дасти хонанда расад.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар ҳоле ки дар суҳбаташ бо фаъолони ноҳияи Нуробод аз даргириҳо дар гӯшаҳои дунё нигаронӣ мекард, бори дигар аз сокинони кишвар хост, ки шукронаи, ба гуфтаи ӯ, “зиндагии орому осудаи Ватанро кунанд”.
Раҳбари нашриёти “Истиқбол” мегӯяд, ки намояндагони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии ВКД аз ӯ дар бораи ҳаққи қалами Бозор Собир пурсидаанд ва ӯ асноди марбут ба чопи китоби ин шоири тоҷик ва хулосаи додситониро супурдааст.
Ҳотамҷон Кетмонов ва Наримон Умаров, ду рақиби раҳбари собиқи Узбакистон Ислом Каримов дар интихоботи гузаштаи президентӣ, барои дарёфти курсии раёсати ҷумҳури Узбакистон дар моҳи декабри имсол тавоноии худро имтиҳон хоҳанд кард.
Дар ҷараёни адои маносики Ҳаҷҷи имсола се зоири тоҷик ҷон дода ва ҷасади онҳо дар қабристони "Шароеъ" дар Макка ба хок супурда шудааст. Имсол барои зиёрати Каъба аз Тоҷикистон беш аз шаш ҳазор нафар рафта, бозгашти онҳо 17-уми сентябр оғоз хоҳад шуд.
Медали тиллои Дилшод Назаров дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Рио-де-Жанейро, ки нахустин медали тиллои олимпии Тоҷикистон баъди соли 1992 дар кишвар аст, бо мавҷи зиёди табрику ифтихор дар шабакаҳои иҷтимоӣ рӯбарӯ шуд.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон ба порлумон тарҳи “Қонуни авф”-ро пешниҳод кардааст, ки бар асоси он мумкин аст, гуноҳи беш аз 12 ҳазор нафар бахшида шавад. Ин тарҳ рӯзи 24-уми август дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллӣ баррасӣ мешавад.