Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рафтану барнагаштан. Ҷасади се ҳоҷии тоҷик дар Макка ба хок супурда шуд


Дар ҷараёни адои маносики Ҳаҷҷи имсола се зоири тоҷик ҷон дода ва ҷасади онҳо дар қабристони "Шароеъ" дар Макка ба хок супурда шудааст. Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин – ниҳоди масъули сафари ҳоҷиёни тоҷик – рӯзи 13-уми сентябр дар суҳбат бо Озодӣ аз Макка гуфт, эҳтимол гармии ҳаво бархе аз ҳоҷиёни тоҷикро дар ҳолати ногувор қарор дода, шиддати фишор ва дарди қалбашонро бештар кардааст.

Тибқи иттилои Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон, тайи чор рӯзи гузашта Арал Шукурови 61-сола ва Сарабек Маҳмадови 62-сола, сокинони ноҳияҳои Дустӣ ва Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон дар шаҳри Маккаи Арабистони

Як тан аз кормандони Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон гуфт, бар асоси қонунҳои Арабистони Саудӣ ҳар зоире, ки дар мавсими Ҳаҷ ҷон медиҳад, ба муддати се сол як узви хонаводааш барои зиёрати Хонаи Худо даъват ва ҳатто кумак низ карда мешавад.

Саудӣ ҷон додаанд. Афшини Муқим гуфт, Арал Шукуров баъди расидан ба водии Мино даргузашта, Сарабек Маҳмадов аз дарди қалб дар меҳмонхонае дар Макка дунёро падруд гуфтааст. Ӯ гуфт, нафари севум Ҳикоят Ашӯрова, сокини ноҳияи Ҳисор буда, дар рӯзи Иди Қурбон даргузаштааст.

Бахтиёр Маҳмадов, писари Сарабек Маҳмадов, мегӯяд, хабари ҷон додани падарро аз бародараш шунидааст, ки ҳамроҳи ӯ ба Ҳаҷ рафта буд. Бахтиёр мегӯяд, "албатта, даргузашти падар барои аҳли оила мусибати бузург аст, вале дар Хонаи Худо ҷон додан ба ҳар кас мушарраф намешавад. Одами хуб буданд ва барои мардум хидмат кардаанд ва барои ҳамин ин шараф ба онҳо муяссар гардид. Мо ҳам Худоро шукр мекунем, ки падарамон дар маросими Ҳаҷ гузаштанд."

Сарабек Маҳмадов дар дармонгоҳи марказии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ чил сол ҳамчун пизишк – ташхисгар кор кардааст.

Дар канори онки зиёрати Ҳаҷ яке аз фаризаҳои ҳатмии фарди мусулмон аст, аммо ҳамзамон мусулмонон ҷон додан дар Хонаи Худоро барои худ шарафу мартабаи баланд медонанд. Ҳоҷӣ Музаффар, сокини 70-солаи Душанбе, гуфт, орзуи дар Хонаи Худо ҷон додан ин аз ихлосу иродаи фарди мусулмон ба ин макони муқаддас аст.

"Кас меҳмони Худованд аст ва ҷон додан дар меҳмонии Худованди бузург боиси мартабаи фарди мусулмон мешавад. Аҷру савобаш беандоза зиёд аст. Вақте зоире, ки дар Хонаи Худо ҷон медиҳад, дигар мусулмонон инро барои пайвандонаш табрик мегӯянд", - афзуд ӯ.

Дар аксҳо: Зоирони тоҷик дар роҳ ба сӯи Мино

Бахтиёр Маҳмадов, писари Сарабек Маҳмадов, зоири тоҷик, ки ахиран дар мавсими Ҳаҷ гузашт, низ мегӯяд, "воқеан, ҳамсояҳо ва хешу табор даргузашти падарро бароямон табрик гуфтанд". Ба қавли ӯ, раиси ноҳия, додситон ва дигар масъулони ҳукумат ба хона омада, тасаллияту ҳамдардии худро баён карда ва дар ҳаққаш дуои хайр карданд.

Як тан аз кормандони Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон гуфт, бар асоси қонунҳои Арабистони Саудӣ ҳар зоире, ки дар мавсими Ҳаҷ ҷон медиҳад, ба муддати се сол як тан аз хонаводааш барои зиёрати Хонаи Худо даъват ва ҳатто кумак низ карда мешавад. Бахтиёр Маҳмадов гуфт, баъди даргузашти падараш дар Хонаи Худо ин гуна ҳарфҳоро барои ӯ низ гуфтаанд. Аммо то ҳол расман касе дар ин робита бо онҳо сӯҳбат накардааст.

Бо ин ҳам Бахтиёр мегӯяд, ният доранд, модар ва яке аз бародаронаш сафари Хонаи Худо карда ва қабри падарро зиёрат намоянд. Дар ҳамин ҳол, Қобилҷон Боев, собиқ масъули бахши фатвои Шӯрои уламо ва ҳоло имом-хатиби яке аз масҷидҳои шаҳри Душанбе гуфт, ҳарчанд чунин иқдомеро шунидааст, вале надидааст, ки касе аз пайвандони зоирони ҷон дода аз ин тариқ ба Хонаи Худо рафта бошад.

Имсол аз Тоҷикистон беш аз 6 ҳазор нафар барои зиёрати Хонаи Худо ба Арабистони Саудӣ рафтаанд. Бозгашти онҳо ба ватан рӯзи 17-уми сентябр оғоз мешавад. Соли гузашта Гулсара Тоҷиеваи 66-сола аз Турсунзода ва Соҷида Нороваи 51-сола аз ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар рӯзҳои охири адои маносики Ҳаҷ аз бемории қалб даргузашта буданд.

XS
SM
MD
LG