Масъулони Ситоди ҳаҷҷ мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир 20 тан аз табибон бо тавсияи вазорати тандуруст ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба хизмати зоирони тоҷик ба Арабистони Саудӣ сафарбар шудаанд. Асад Нуров, сартабиби мавсими Ҳаҷ-2016 рӯзи 2 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамарӯза ҳудуди 100-150 нафар зоиро ба нуқтаҳои тиббии мавсимӣ муроҷиат мекунанд. Ӯ афзуд, ки зоирони бештар аз бемориҳои фишорбаландӣ, дарди гулӯ, зуком ва амсоли он шикоят доранд.
Ба гуфтаи Асад Нуров, бинобар истеъмоли зиёди оби хунук дар дохил ва хориҷ аз Ҳарам, зоирон бештар ба дарди гулӯ ва маҳкамшавии гулӯ гирифтор мешаванд, ки вобаста ба ин гурӯҳи табибон, корҳои фаҳмондадиҳиро идома медиҳанд. Масъулони Ситоди ҳаҷҷ мегӯянд, ки барои зоирон дар меҳмонхонаҳо 6 нуқтаи тиббӣ ба таври шабонарӯзӣ фаъолият менамояд ва аз Тоҷикистон миқдори муайяни доруворӣ низ оварда шудааст. Дар маҷмӯъ, то имрӯз ҳудуди 60 дарсади зоирони Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ расидаанд ва вазъи сиҳатии онҳо хуб аст.