Рӯзнома зери унвони “Исломи Толибон ва ДОИШ” мақолае ба нашр расонд, ки онро раиси ҷумҳур дар мулоқот бо рӯҳониёни кишвар тавҳин ба ислом арзёбӣ кард.
Сафири Тоҷикистон дар Маскав мегӯяд, онҳо дар фикри ба таври сунъӣ созмон додани ягон иттиҳодияи умумрусиягии тоҷикон нестанд. Ӯ гуфт, бояд ин созмон аз тарафи худи муҳоҷирон ташкил шавад.
Тоҷикистон мегӯяд, ки шарту шароити даромадан ба узвияти Иттиҳодияи гумрукиро меомӯзад. Ин созмони нави кишварҳои пасошӯавӣ аз 1 январи соли 2015 расман ба фаъолият шурӯъ мекунад.
Талошҳои “Гурӯҳи 24” ё эътилофи “Тоҷикистони нав” барои ба хиёбонҳои Душанбе кашидани “ҷонибдоронаш” ё мардум ва баргузории ҳамоиши эътирозӣ дар 10 октябр ноком шуд.
Тоҷикистон дар остонаи интихоботи порлумонӣ қарор дорад. Оё ин маърака ҳам, тавре мухолифин мегӯянд, тибқи хост ва бар асоси сенарияи ҳукумат ва ҳизби ҳокими халқии демократӣ хоҳад гузашт?
4 октябр мӯҳлати пешбинишудаи фиристодани огаҳӣ дар бораи душаҳрвандии Русия ба поён мерасад. Онҳое, ки ҳам шаҳрвандии Тоҷикистонро доранд ва ҳам Русияро дар дуроҳа мондаанд.
Намояндагии Вазорати меҳнат, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Маскав мегӯяд, бори охир дар нимаи дувуми моҳи сентябр беш аз 200 ҳазор рубл пули муҳоҷиронро аз корфароён рӯёндааст.
Муомилаи байни Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай бар сари тақсими қудрат дар Афғонистон оё куҷо метавонад нуқтаи таммат дар бӯҳрони сиёсии интихоботӣ дар ин кишвари ҷангзадаи ҳамсояи Тоҷикистон шавад?
Бештари сокинон аз сохтмони биноҳои нав дар пойтахти Тоҷикистон истиқбол мекунанд, вале мехоҳанд бовар намоянд, ки ин биноҳо тибқи меъёрҳо ва бе фиребгарӣ сохта шудаанд.
Пулиси Покистон 19-уми август 150 мухолифи фаъоли ҳукумати Навоз Шариф - нахуствазири Покистонро дар ҷараёни тазоҳурот боздошт кардааст.
Аз аввали моҳи сентябр аз муҳоҷироне, ки талабгори кор дар Русия ҳастанд, аз таъриху забони русӣ имтиҳон мегиранд.
Яке аз масъалаҳои мавриди баҳс дар ҷаласаи муштараки ҳайатҳои раҳбарии вазоратҳои умури дохилии Тоҷикистон ва Русия 11 август дар Хуҷанд ба гурӯҳҳои муташаккили ҷиноии тоҷикон дар Русия рабт дошт.
Муовини раиси Додгоҳи Олии Ҳакамии Русия мегӯяд, Тоҷикистонро дӯст дорад ва онро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад.
Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик, парвандаи истисмори се муҳоҷирро барои таҳқиқ ба мақомоти Русия пешниҳод мекунад.
Қирғизистон мехоҳад барои нирӯгоҳи Қамбарота-1 дар рӯди Норин сарбанди баландтаре бино кунад. Ин нақша зоҳиран ба мухолифати навбатии кишварҳои поёнбоби Осиёи Марказӣ рӯбарӯ хоҳад шуд.
Ахиран Эмомалӣ Раҳмон бо Ли Ян Ҷе-мушовири аршади ширкати чиноии «Чунтай-Роҳи нави абрешим» мулоқот кард ва ин ширкат омодагӣ намуд, ки мехоҳад дар бахши кишоварзии Тоҷикистон 120 миллион доллар сармоя гузорад.
Бо гузашти 40 рӯз аз оғози эътирозҳои Хоруғ вазъ дар маркази маъмурии вилояти мухтолри Кӯҳистони Бадахшон, ба гуфтаи сокинонаш, ором шудааст. Вале таҳқиқи тирандозие ки боиси он эътирозҳо шуд, ҳанӯз идома дорад.
Бисёриҳо рӯйдодҳои гуногуни марбут ба Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ба шинохти ҳукумат аз мақсад ва роҳкорҳои он бастагӣ медиҳанд. Аммо ин чӣ гуна шинохт аст ва ба куҷо хоҳад бурд?
Дар ин рӯзҳо ҳазорон нафар ҷавони тоҷик баъди хатми донишгоҳҳо соҳиби маълумоти олӣ шуда, ба ҷустуҷӯи кор мебароянд. Онҳоро чӣ интизор аст? Маҷаллаи навбатии "Чашмандоз" ба ҳамин мавзӯъ бахшида шудааст.
Пулис ва нируҳои Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия тақрибан 400 муҳоҷири эҳтимолан ғайриқонуниро дар Маскав боздошт кардаанд.
Ёфтҳои бештар