Афроди дорои душаҳрвандӣ ва вакилони мудофеи маҳкумшуда аз ҳаққи фаъолияти адвокатӣ маҳрум гардиданд. Ин амр баъд аз тасвиби иловаҳо ба қонуни "Адвокатура"-и Тоҷикистон амалӣ шуд.
Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе яке аз раҳбарон ва ду тан аз муассисони ширкати "Ҳафтбурҷ"-ро мутаносибан ба 8, 8.5 ва 9 сол равонаи зиндон кард.
Бо гузашти ду рӯз аз зилзилаи шадиди то 6-дараҷаӣ дар Тоҷикистон, аксари муҳассилини мактабҳои миёна эҳсоси тарсро аз худ дур накардаанд.
Асламшоҳ Султоншоев, омӯзгоре, ки беш аз даҳ руз боз барои "гӯшмол"-и як шогирдаш аз корбарони Интернет гап мешунавад, чунин бархӯрди худро шарҳ дод ва гуфт, ин кораш барқасдона набуд.
Дар рустои дурдасти ҷануби Тоҷикистон авлодҳои муҳоҷирони туркмане зиндагӣ мекунанд, ки бобоёнашонро ҳанӯз солҳои 1930 барои ободонии водии Вахш ҳукумати шӯравӣ ба ин ҷо овардааст.
Акнун дар Тоҷикистон ба ҳар танфурӯше, ки бо вуҷуди як бор ҷарима шудан ба фоҳишагӣ идома медиҳад, аз 10 то 15 рӯзи зиндон таҳдид мекунад.
Эмомалӣ Раҳмон аз мавориди пинҳон кардани даромадҳои соҳибкорон аз мақомоти андоз ва гумрук ва зарари чунин корҳо ба даромадҳои будҷаи давлатӣ, изҳори нигаронӣ кард.
Муассисони аслии Биржаи фондии Осиёи Марказӣ ширкатҳои тоҷикистонӣ ва ширкати Бритониёии GMEX ҳастанд.
Додгоҳ як зани сокини ноҳияи Ёвонро, ки се фарзанди ноболиғашро дар дарёи Душанбе ғарқ карда буд, ба 18 соли зиндон маҳкум кард.
Дар ҳоле, ки шумораи занони соҳибкор дар Тоҷикистон дар 20 соли ахир ба маротиб бештар шудааст, аммо танҳо шумори ками онҳо тавонистаанд ба “бизнеси калон ”роҳ ёбанд.
Мақомоти Тоҷикистон даҳҳо шеваи қочоқро дар Осорхонаи вижае ба намоиш гузоштанд. Ин намунаҳо барои шаҳрвандон ҳушдорест, ки аз дасти мардуми ношинос чизе нагиранд.
Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки гурӯҳи “Давлати Исломӣ” барои тақвияти ҳузураш дар Афғонистон маблағи 70 миллион доллар ҳазина кардааст, ки паёмади он барои кишварҳои минтақа хеле ҷиддӣ аст.
Дар ҳоле, ки бештари омӯзгорон дар Тоҷикистон аз моҳонаи пасти худ шикоят доранд ва сафару саёҳатро ба хориҷ танҳо орзу мекунанад, омӯзгоре аз ноҳияи Варзоб, мегӯяд, бо 900 сомонӣ маошаш чандин кишварро чарх задааст.
Бар пояи як назарсанҷӣ, ки Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон анҷом додааст, 80 дарсади пурсидашудаҳо гурӯҳи генерал Абдуҳалим Назарзодаро террористӣ гуфтаанд.
Рӯзи 2-уми октябр як гови нар кори яке аз шифохонаҳои бузурги шаҳри Душанберо тақрибан ба ҳам зад.
Рӯзи 2-уми октябр як гови нар кори яке аз шифохонаҳои бузурги шаҳри Душанберо тақрибан ба ҳам зад. Ҷонвари бадхашм, ки аз ҳавлии яке аз сокинони хонаҳои атрофи шифохонаи Қарияи боло раҳо хурда буд, нимрӯзӣ ба ҳавлии шифохона ворид шуд, табибону беморонро тарсонд.
Кумитаи дини Тоҷикистон дар се рӯзи аввали бозгашти ҳоҷиёни тоҷик ба ватан, 20 мавриди қонуншиканӣ ба ҳангоми истиқболи онҳоро сабт кардааст.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки иштироки "бибиотунҳо" дар маъракаҳои занона бояд маҳдуд шавад, зеро маълум нест онҳо дар гӯши занҳо чӣ мехонанд.
Маркази исломшиносии назди президенти Тоҷикистон бо анҷоми як пажӯҳиш маълум кардааст, ки 60 дарсади мардуми кишвар ҷонибдори низоми дунявӣ ҳастанд.
Зане, ки барои кӯшиши худкушӣ ва марги се фарзанди ноболиғаш боздошт шуда буд, дар толори додгоҳ дар куштори фарзандонаш иқрор шуд.
Ёфтҳои бештар