Генерал Бобоҷон, фармондеҳи маъруфи собиқ Иттиҳоди Шимол таҳти раҳбарии Аҳмадшоҳ Масъуд, сарпарасти пулиси вилояти Бадахшони Афғонистон таъйин шуд.
Мақомоти Эрон мегӯянд, кашондани лӯлаи об аз Тоҷикистон то Эрон метавонад, камбуди об дар вилояти Хуросони Эронро рафъ намояд.
Густариши шабакаи хабарии «Россия сегодня» дар Осиёи Марказӣ ва пеш аз ҳама Тоҷикистон, ба давраи баъд аз хуруҷи нерӯҳои байналмиллалӣ аз Афғонистонро нигаронида шудааст.
Кӯшишҳои наздикон ва мақомоти қудратӣ барои пайдо кардани Меҳралӣ Назаралиев, иқтисодчии 31-солаи филиали «Ориёнбонк» дар Бадахшон, ки 29 июл ғайб зада буд, то ҳол натиҷае надодаанд.
Чиниҳо дар миёни сокинони Тоҷикистон хеле ба кундӣ, аммо ба ҳар шева "ҳазм" мешаванд.
Сокинони Сомониён, маҳалли ҳаммарз бо Қирғизистони Исфара, мегӯянд, аввалин табрикҳои иди Фитрро аз ҳамсояҳои қирғизашон гирифтанд ва ҳам идро ба онҳо шодбош гуфтаанд.
Ду узви аршади гурӯҳи «Ҷамоаи Ансоруллоҳ» бар асари як ҳамлаи нерӯҳои ҳавоӣ дар вилояти Бадахшони Афғонистон кушта шудаанд.
Ширкатҳои бузурги Тоҷикистон даъвои Кумитаи андоз дар бораи садҳо миллион сомонӣ қарздор будани ин ширкатҳоро рад мекунанд. Ширкати "Вавилон" Кумитаи андозро ҳатто ба додгоҳ додааст.
Парвандаи садамаи нақлиётие, ки ду хабарнигори тоҷикро маҷрӯҳ карда буд, бо гузашти чор моҳ дар мақомоти тафтишотӣ банд мондааст.
Баҳманёр, яке аз хушномтарин адибони муосири Тоҷикистон рӯзи 15 июл ба синни мубораки 60 мерасад. Радиои Озодӣ дар ин ҷашн пои сӯҳбати муаллифи "Сармаддеҳ" нишаст.
Сарпарасти фармондеҳии амнияти Бадахшони Афғонистон аз ҳукумати Тоҷикистон даъват кард, ки ба таври оҷил як ҷаласаи муштараки нерӯҳои амниятии ду кишвар барпо шавад.
Додгоҳи Мадрид баррасии дархости мақомоти Тоҷикистон дар бораи истирдоди Шарофиддин Гадоев, соҳибкор ва узви "Гурӯҳи 24"-ро ба рӯзи душанбе, 14 июл, мавқуф гузошт.
Ҳафтае баъд дар Қазоқистон кишварҳои болообу поёноби Осиёи Марказӣ ба хотири баҳси натиҷаҳои ташхиси тарҳи нирӯгоҳи Роғун ҷамъ хоҳанд шуд. Аммо суол ин аст, ки Тошканд хулосаҳои дар маҷмӯъ мусбати Бонки ҷаҳониро хоҳад пазируфт ё на.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз изҳороти ахири мансабдори баландпояи Русия дар бораи нерӯгоҳи Роғун истиқбол кард.
Шариф Самӣ, директори муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи нерӯгоҳи Роғун» аз гузориши Дидбони ҳуқуқи башар, ки мегӯяд, Тоҷикистон некӯаҳволии садҳо оиларо қурбони ин нирӯгоҳ мекунад, интиқод кард.
Додгоҳи Қонуни асосии Тоҷикистон рӯзи 24 июн ба муҳокимаи қазияи қатъи фаъолияти созмони "Ампаро" шурӯъ мекунад. Ҳуқуқшиносон мегӯянд, дар ин қазия ҷанбаҳои сиёсиву амниятӣ хеле бештар аз ҷанбаҳои ҳуқуқист.
«Газпромнефт – Тоҷикистон», умдатарин ширкати нафтрасони Тоҷикистон мегӯяд, қимати газу бензинро 10 дирам қимат кардааст.
Дар сафари сарвазири Покистон Навоз Шариф ба Душанбе, ду кишвар бо панҷ санади ҳамкорӣ доираи робитаҳои тарафайнро густариш доданд.
Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мегӯяд, созмонҳои байнулмилалии террористӣ барои омодагӣ ба густариши фаъолиятҳои худ дар Осиёи Марказӣ иттиҳод мебанданд.
Душанбе мегӯяд, ба сиёсати "дарҳои боз"-аш содиқ мемонад, вале нигароние вуҷуд дорад, ки Маскав метавонад барои "ташвиқ"-и Тоҷикистон ба равандҳои "ҳамгироӣ"-яш, назири Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё аз бархе васоили фишор низ кор бигирад.
Ёфтҳои бештар