Сандуқи Байнулмилалии Пул эълон кард, ки бар асари бӯҳрон дар воми манзил иқтисоди Амрико дар ҳоли пасрафт аст ва ин ҳолат ба иқтисоди ҷаҳон таъсир мекунад.
Бархе аз коршиносони Тоҷикистон ҳаводиси Бадахшонро ба мушкилоти иҷтимоӣ ва фасоди идорӣ дар вилоят марбут ва аз сӯйи нерӯҳои хориҷӣ таҳрик ёфтани онҳоро баъид медонанд.
Таҷлили Наврӯзи Душанбе дар Боғи ботаникии пойтахт дар ҳавои офтобиву осмони поку мусаффои баҳорӣ баргузор шуд.
Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон тасмим гирифтааст, дар шаҳри Хоруғ - маркази идории ВМБК гирдиҳамоии эътирозӣ барпо кунад.
Додгоҳи Олии Тоҷикистон баррасии парвандаи М. Орифов, сарвари ширкати муштараки Тоҷикистону Ҳуланд “M&P” шурӯъ кард.
Кумиссиюни вижаи ҷоизаи Лоҳутӣ беҳтарин дастовардҳои рӯзноманигории Тоҷикистон барои соли 2007-ро муайян кард.
Маводи мухаддири Афғонистон аз роҳи Тоҷикистон ба Русия, Аврупо, Чин, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Амрикои Ҷанубӣ интиқол меёфтааст.
Ҳудуди 100 сокини шаш бинои баландошёнаи кӯчаи Федин ва кормандони дӯкону нуқтаи фурӯши бензин аз мақомот тақозо карданд, ки рӯзона интиқоли барқ ва об ба хонаҳояшонро ба роҳ монанд, то онҳо тавонанд рӯзгору тиҷорати худро пеш баранд.
Вазорати умури хориҷии ИМА бо назардошти авзоъ дар Тоҷикистон ба шаҳрвандонаш ҳушдор додааст, ки бидуни зарурат ба ин кишвар сафар накунанд.
Шамсиддин Шамсиддинов, собиқ муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон соати 11-и рӯзи 30 январ дар зиндони Нефтяник, воқеъ дар 6-километрии шарқи Душанбе дар синни 55-солагӣ аз дунё даргузашт.
Дар ростои мушкилоти мардум аз сармои бесобиқа дар таърихи 25 соли ахири Тоҷикистон, аҳзоби сиёсӣ низ изҳори назар карданд.
Пайвандони Ёқуб Салимов изҳори нигаронӣ кардаанд, ки бо гузашти беш аз дувуним сол аз содир шудани ҳукм ӯ ҳанӯз дар боздоштгоҳи муваққатӣ қарор дорад ва он ҳам дар шароите, ки хеле тоқатфарсо ҳастанд.
Русия таруфаҳои имтиёзии интиқоли алюминиюми Тоҷикистон тариқи роҳи оҳани ин кишвар ба бандарҳои баҳри Балтикро лағв кардааст.
2 декабр дар Русия интихоботи парлумонӣ ва 10 декабр дар Туркманистон интихоботи Халқ Маслиҳати анҷом ёфтанд. 16 декабр дар Қирғизистон интихоботи парлумонӣ ва 23 декабр дар Узбакистон интихоботи раёсатиҷумҳур баргузор хоҳанд шуд. Дар робита ба вижагиҳои интихоботи Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ (ОМ) хабарнигори Озодӣ Фарҳоди Милод як сӯҳбате анҷом додааст бо Брюс Панир, коршиноси амрикоӣ дар умури Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ.
Афсари вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ба додгоҳи ноҳияи Фирдавсии Душанбе аз хабарнигорони нашрияҳои «Азия-плюс» ва «Фараж» шикоят бурдааст.
Мақомоти Тоҷикистон ба мусодираи манзили истиқоматии марбут ба собиқ фармондеҳи Горди Миллӣ Ғаффор Мирзоев, воқеъ дар Душанбе, шурӯъ кардаанд, ки дар он бародари ӯ ба сар мебарад.
Созмони амрикоии Counterpart International иттилоъи хабаргузориҳо дар мавриди қатъи фаъолияташ дар Тоҷикистонро такзиб кард.
Дар Душанбе мурофиъаи додгоҳии боз як созмони мазҳабӣ шурӯъ шуд. Ин дафъа Идораи маорифи шаҳри Душанбе маркази таблиғотии масеҳӣ мавсум ба «СонМин Грейс»-ро ба додгоҳи иқтисодии пойтахт кашид.
Ёфтҳои бештар