Бозор Собир, шоири маъруфи тоҷик дар маҳфили эҷодиаш, ки шоми 18-уми март дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ доир шуд, бештар шеър хонд ва аз ба масоили сиёсӣ камтар гуфт.
Аксари сокинони Тоҷикистон дар сӯҳбатҳои рӯбарӯ худро хушбахт меноманд. Вале дар як арзёбии байналмилалӣ, Тоҷикистон аз лиҳози сатҳи хушбахтии сокинонаш дар ҷои 100-ум будааст.
Дар ҳамоише бо ширкати занони паноҳандаи афғон дар Тоҷикистон, аз қурбониёни хушунат Фархунда, Рухшона ва ҳодисаҳои дигари бераҳмона кушта шудани занон дар Афғонистон, ёдбуд ба амал омад.
Ҳодисаи қатли даҳшатбори ин занонро, ки яке бо иттиҳоми дуруғин сӯзонида шуд ва дигар ҳам бо ҷурми ошиқ шудан сангсор гашт, намояндагони расмии Афғонистон дар Тоҷикистон аз як сӯ бадхбахтӣ, аммо аз сӯйи дигар нишони бедории занони Афғон ва афзудани эҳсоси озодихоҳии онҳо унвон мекунанд.
Субҳи чоршанбеи 9 март пайвандону наздикони гурӯҳе аз ҷавонони деҳаи Қалъаи Нави шаҳри Роғун дар назди бинои Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷамъ омада, хостори озодии онҳо шуданд.
Пулиси Тоҷикистон гурӯҳеро дар Роғун боздошт кард ва ба идораи пулиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе интиқол дод. Сабаби боздошти онҳо ҳанӯз эълон нашудааст.
Рӯзи 8-уми март, ки дар Тоҷикистон ҳамчун рӯзи модарон таҷлил мешавад, мардон дар баъзе аз хонаводаҳо пухтупазро бар дӯш мегиранд. Дар хонаи Раҷабалӣ сокини Душанбе ҳамин кор расм шудааст.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки гумонбари садамаи маргборе, ки рӯзи 7 март боиси марги як ва ҷароҳати ду мактабхони дигар гардид, сокини 25-солаи шаҳри Душанбе будааст.
Садамаи фоҷиабор дар назди мактаби рақами 14, ки бо фавти як хонанда ва ҷароҳат бардоштани ду нафари дигар анҷом ёфт, нигаронии аксар волидонро дар маркази Душанбе аз сарнавишти фарзандони мактабхонашон бештар кардааст.
Бар асари садама дар наздики мактаби миёнаи рақами 14-и шаҳри Душанбе 1 хонандаи ин мактаб ҳалок шуда ва 2 нафари дигар ҷарроҳат бардоштаанд.
Волидон аксаран дар тасмимигириҳои муҳими зиндагии фарзанди худ зиёдаравӣ мекунанд ва ба далели ҷавону бетаҷриба будани онҳо, ихтиёрро ба дасти худ мегиранд, ки ин ба таъкиди ҷомеашиносон агарчӣ бо нияти хайрхоҳона аст, вале метавонад паёмади хуб надошта бошад.
Чанд ҳодисаи худкушии ҷавонҳо дар моҳҳои ахир шикоферо, ки дар муносибати наслҳои гузаштаву имрӯза вуҷуд дорад, ваcеътар кард.
Масъулони танзими анъана ва ҷашну маросимҳо мегӯянд, ҳар қадар онҳо барои камхарҷ баргузор шудани тӯю маъракаҳо талош мекунанд, вале сокинон навовариҳои серхарҷ ва гоҳо хатарнокро ихтироъ мекунанд.
Аз рӯи иттилои мақомот Адолат Шербекова бо ҳамроҳии келинҳояш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 25-уми сентябр ҳангоме боздошт шудаанд, ки қасди сафар ба Сурия, ба назди фарзандонашро доштааст. 8 узви хонаводаи Шербековҳо, аз ҷумла се писару як келин ва чаҳор набера дарин кишвар қарор доранд.
Ҳамсари бархе аз аъзои гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим, муовини собиқи вазири дифои Тоҷикистон мегӯянд, ки баъди боздошти онҳо дар ҳолати ногувор қарор гирифта, ҳатто ният доранд, фарзандони худро ба мактаб-интернатҳо бисупоранд.
Се зан аз ноҳияи Қубодиён, ки яке аз онҳо хушдоман ва дуи дигар келинанд ва, инчунин, як зан аз шаҳри Исфара барои қасди сафар ба Сурия равонаи зиндон шудаанд.
Додгоҳи Исмоили Сомонӣ як зани 34-сола аз Душанберо барои иштирок дар ҷангҳои Сурия ба 13 соли зиндон маҳкум кард. Қаблан вазорати корҳои дохилӣ ӯро ба доштани се шавҳар муттаҳам карда буд.
Чиниҳои муқими Тоҷикистон рӯзи 22 феврал аз соли нави қамарии кишварашон таҷлил карданд. Бино ба ҳисобҳо, дар Тоҷикистон ҳудуди 6 000 шаҳрванди Чин кору зиндагӣ мекунанд.
Ёфтҳои бештар