Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки дар натиҷаи омадани сел дар ноҳияи Хуросон ду нафар ҷон бохтаанд. Сел шоми 14-уми май чандин хонаро низ вайрон кард.
Дафтари матбуоти ВКД рӯзи 17-уми май гуфт, дар ин ҳодиса Холбой Бекмуродови 55-сола аз ҷамоати Ҳилолӣ ва Қумриддин Камолови 64-сола аз ҷамоати Айнии ноҳияи Хуросон ба ҳалокат расиданд.
Ба иттилои вазорат, "дар ҷамоатҳои Ҳилолӣ ва Айнии ноҳияи Хуросон ба беш аз 100 хона лойқа даромада, якчанд хонаи истиқоматии дигар пурра осеб дидааст". Сокинон зарари расидаро аз ин бештар мегӯянд.
Хабари Вазорати корҳои дохилӣ баъд аз таҷаммӯи сокинони зарардида аз сел дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон нашр шуд. Мақомот мегӯянд, мардум рӯзи якшанбе гӯё аз хавфи дубора омадани сел ба ҷои амн, ба шоҳроҳи Душанбе-Бохтар баромадаанд.
Дар ҳоле ки сокинон гуфтанд, ба нишони эътироз аз бетаваҷҷуҳии мақомот ба кӯча баромаданд. Ба иттилои онҳо, нирӯҳои милиса таҷаммӯи норозиёнро пароканда кардааст.
Раҳматулло Сафарзода, раиси ноҳияи Хуросон, низ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ, гуфт, талаби асосии мардум, ки аз сел зарар дидаву хонаҳояшон пур аз лой шуда, ё пурра вайрон гардидааст, дарёфти кумак барои сохтмони хонаҳояшон ва ҳамчунин замин буд.
Рӯзҳои ахир дар чанде аз минтақаҳои Тоҷикистон сел омада, ба роҳҳову хонаҳои мардум зарар расондааст. Мақомот мегӯянд, ҳоло зарарҳои расидаро ҳисоб мекунанд ва сипас аз пайи расондани кумак мешаванд.