Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Машъали олимпӣ дар дасти президенти Қазоқистон


Маросими ба Алмаато расонидани машъали олимпӣ дар Медео - минтақаи зебоманзари шаҳр баргузор гардид. Дар ин маросим Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури Қазоқистон машъали олимпиро аз Чон Си Юн, сафири Чин дар ин кишвар кабул намуда, ҳозирини ҳамоиш ва ҳамаи мардуми Қазоқистонро бо ин руйдоди, ба гуфтааш, бузург дар ҳаёти кишвараш табрик намуд. Раисҷумҳури Қазоқистон таъкид кард, ки даставвал тавассути Алмаато, минбаъд ба дигар шаҳрҳо ва билохира ба Пекин расонидани машъали олимпӣ худ баёнгари комёбиҳои кишвараш дар риштаи варзиш аст.

Сарвари Қазоқистон таъкид кард, ки Алмаато баъди Афинаву Пекин аввалин шаҳри қабулкунандаи машъали бозиҳои 29-и олимпӣ дар Пекин гардид, ки ин барои кишвараш ифтихори бузург аст.

Баъд, раисҷумҳури Қазоқистон машъали олимпиро тақрибан ба масофаи 100 метр бурда, ба муштзан Бахтиёр Артаев, қаҳрамони Бозиҳои олимпии соли 2004 супорид. Сипас, машъали олимпиро 80 нафар варзишгарон, сиёсатмадорон ва шахиятҳои маъруфи фарҳангии кишвар дар кучаҳои асосии шаҳр аз даст ба даст гирифта, шаҳрро давр заданд.

Даҳҳо ҳазор мардуми шаҳр ва меҳмонон, ки дар ду тарафи кӯчаҳо ҷамъ оамад буданд, ин маросимро тамошо карданд.

Лозим ба тазаккур аст, ки ҳарчанд ба Алмаато расидани машъали олимпиро бисёриҳо рӯйдоди фаромушнопазир мешуморанд, вале баъзе ҷавонон аз интизории зиёд то расидани машъалбардорон сабру тоқатро аз даст дода, тарки ин маросим намуданд. Аз ҷумла, Чинор ном донишҷӯ изҳор кард, ки онҳоро аз дарс ҷабран гирифтанд ва аз субҳ то бегоҳ онҳо интизори машъалбардорон буданд ва чун басо хаставу гурусна шуданд, ба хонаашон бармегарданд.

Ба Ҳасан Хоҷааҳмад, яке аз лидерони Чунбиши иҷтимоии «Озод» бошад, ниҳодҳои интзомӣ иҷоза надоданд, ки нишасти хабарии муайяншудаи хешро дар робита ба ин руйдод доир созад. Вай дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, бозиҳои олимпӣ дар Пекин дар ҳоле доир мегардад, ки дар Тибет ҳуқуқи шаҳрвандони ин минтақа поймол мегардад. Дар натиҷа беш аз сад нафар дар Тибет кушта шуданд. Ҳукумати Қазоқистон, тавре Ҳасан Хоҷааҳмад таъкид намуд, ҳамаи инро нодида мегирад ва истиқлолияти Тибетро эътироф намекунад. Дар баёнияи Ҷунбиши иҷтимоии «Озод» омадааст, ки Қазоқистон бо назардошти бархурди ҳукумати Чин дар робита ба мардуми Тибет бояд бозиҳои олимпиро таҳрим намояд.

Вале дар ҳамин ҳол машъали бозиҳои 29-и олимпӣ ба дунболи Алмаато интизор меравад, боз дар 21 шаҳри бузурги сайёра даст ба даст гузарад. Он 3 апрел аз пойтахти ҷанубии Қазоқистон ба Истамбул ва ба дунболи он 5 апрел ба Санкт-Петербург ва 6-уми ҳамин моҳ ба Лондон хоҳад расид. Қабл аз вуруд ба Ҷумҳурии Чин машъалро 29 апрел шаҳри Ҳо Ши Мини Вйетнам мепазирад. Сипас он ба Чин мерасад ва баъди сайри машъали олимпӣ дар вилоёти ин кишвар 6-уми август дар рӯзи оғози Бозиҳои 29- уми олимпӣ дар Пекин бо он машъали бузурги олимпиро фурӯзон месозанд.

XS
SM
MD
LG