Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситон эътирози сокинони Заркамарро рад кард


Даҳ тан аз сокинони деҳаи Заркамари ноҳияи Файзобод, ки умдатан собиқадорони Ҷанги бузурги Ватанӣ буда ва синнашон ба 80 расидааст, аз субҳи имрӯз дар рӯ ба рӯи Додситонии кулли Тоҷикистон гирди ҳам омада ва хостори мулоқот бо Бобоҷон Бобохонов - додситони кулли кишварро карданд.

Файзулло Фозилов, сокини деҳаи Заркамар ҳадафи аслии таҷаммуъи сокинони ин деҳаи ноҳияи Файзободро дархости расидагӣ аз додситонии кулл ба қазияи тахриби манзили Атовулло Рақибов, як тан ҳамдеҳаашон, унвон кард. Ба гуфтаи вай, манзили Атовулло ғайриқонунӣ хароб карда шудааст.

Вай мегӯяд, «се моҳи пеш манзили Рақибовро ба хок яксон карданд ва ӯ, хонум ва панҷ кӯдакаш сарсону саргардон аст. Чанд бор шуд, ки барои ҳалли ин мушкил назди додситонӣ ва раёсати ҷумҳурӣ меоем, аммо натиҷа нест».

Он чи мояи нигарониии сокинони деҳаи Заркамар шудааст, ин аст, ки се моҳи пеш манзили Атовулло Рақибов, дар замоне, ки вай дар Русия будааст, хароб карда шуда ва хонумаш маврид латукӯб қарор гирифтааст.

Дар ҳамин ҳол Бобоҷон Бобохонов, додситони кулли Тоҷикистон, пас аз 8 соати интизорӣ ду тан аз сокинони деҳаи Заркамарро, ки Атовулло Рақибов яке аз онҳост, ба ҳузур пазируфтааст. Аммо ба гуфтаи оқои Рақибов, мулоқоти онҳо бо додситони кулл бидуни натиҷа анҷомида ва ба навбати худ Бобоҷон Бобохонов тахриби манзили ӯро қонунӣ хондааст.

Атовулло Рақибов, соҳиби хонаи тахрибшуда, феълан бо хонумаш ва панҷ фарзанди хурдсолаш дар чодаре ба сар мебаранд
Оқои Рақибов нақл мекунад, ки «ба бинои додситонӣ даромадем. Додситон хуш кабул накард. Гуфт, шумо ноҳак ҳастед, балки вайрон шудани хонаат қонунӣ аст. Баръакс, моро иғвогар хонд ва таҳдид кард, ки мебарам судатон мекунам. Вай гуфт, ки аризабозӣ мекунӣ, мӯйсафедон ва фарзандонатро назди додситонӣ овардӣ...»

Ин дар ҳолест, ки манзили Атовулло Ракибов бо фармони шифоҳии додситони ноҳияи Файзобод тахриб шудааст. Ҳамакнун суоли матраҳ низ ин аст ки, ба доди ин афрод кӣ бояд бирасад? Додситон, раёсати ҷумҳурӣ ва ё ниҳоди дигаре?

Абдураҳмон Шарифов, ҳуқуқшиноси Бюрои ҳуқуқи башари Тоҷикистон, ки аз ин қазия огоҳ аст, аз лиҳози ҳуқуқӣ наҳваи тахриби манзили Атовулло Рақибовро хилофи қонун медонад. Вай мегӯяд, «дар воқеъ дар амалкарди додситонии ноҳия аломати ғайриқонунӣ дида мешавад. Барои ҳамин ба Рақибов пешниҳод шуд, ки нисбати ин қазия ба додгоҳ шикоят бубарад, то додгоҳ ҳал кунад».

Ин дар ҳолест, ки Атовулло Рақибов, дар нисбати амалкарди додситонӣ ба додгоҳи ноҳияи Файзобод шикоят бурда ва додгоҳ машғули расидагии ин қазия аст. Ба ин далел Абдураҳмон Шарифов мегӯяд, беҳтар аст, то сокинони деҳаи Заркамар аз таҷаммӯъ дар рӯ ба рӯи додситонии кулл ва дафтари раёсати ҷумҳурӣ худдорӣ кунанд ва ҷавоби додгоҳро мунтазир бошанд.

Дар воқеъ дар амалкарди додситонии ноҳия аломати ғайриқонунӣ дида мешавад ...
Аммо Паём Фуруғӣ, масъули умури ҳуқуқи башари Маркази Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон, маҳз мустақил набудани додгоҳҳоро аз иллати аслии афзоиши эътирозҳо ва шикоёти мардум дар қиболи мушкилоташон медонад. Ба ин далел ин соҳибназари ҳуқуқи башар мегӯяд, «беҳтар аст, ки ин қазия дар ноҳия ҳал шавад. Аммо он, ки сокинон барои ҳуқуқҳояшон талош мекунанд, қадаме ба пеш аст. Зеро танҳо худи онҳо ҳастанд, пайи доди худ мераванд. Бояд мунтазири ниҳоде нашаванд. Зеро ҳеҷ ниҳоде ба таври довталабона ба доди онҳо намерасад».

Дар чанд соли ахир баҳсҳои марбут ба замин дар манотиқи мухталифи Точикистон зиёд шуда ва ҳамзамон шикоёти сокинон ба ниҳодҳои давлатӣ афзудааст. Гузориши омбудсмен ё ваколатдори ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон низ ҳокист, ки бештари шикоёти сокинон ба ин ниҳод масоили марбут ба баҳси замин будааст. Ҳарчанд фаъолияти ин ниҳоди ҳуқуқи башари Тоҷикистонро бештар аз ду моҳ шудааст.
XS
SM
MD
LG