Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парчами миллии Тоҷикистон дар Роғун барафрошта шуд


Парчами миллии Тоҷикистонро ширкаткунандагони дави марафонӣ аз шаҳри Турсунзода то Роғун бурданд
Парчами миллии Тоҷикистонро ширкаткунандагони дави марафонӣ аз шаҳри Турсунзода то Роғун бурданд

Ширкаткунандагони дави марафонӣ Парчами миллии Тоҷикистонро 24-уми ноябр дар маҳалли корҳои сохтмонии нерӯгоҳи барқи обии Роғун барафроштанд.

Дар дави марафонӣ бахшида ба Рӯзи Парчами миллии Тоҷикистон, ки 21-уми ноябр аз шаҳри Турсунзода шурӯъ шуда буд, 23 аъзои бошгоҳи дӯстдорони дави «Ағба»-и Ширкати алюминии тоҷик иштирок карда, масофаи 176 километрро тай намуданд. Инчунин дар роҳҳои мошингарди самти Турсунзода – Шаҳринав – Душанбе – Ваҳдат – Файзобод – Обигарм - Роғун садҳо ҳаводорони варзиш ба варзишгарон пайваста, масофаи муайянро тай намуданд.

Зӯҳри имрӯз, 24-уми ноябр, ширкаткунандагони дави марафонӣ бо бинокорони нерӯгоҳи барқи обии Роғун мулоқот карданд. Исматулло Зайдов, раиси шаҳри Роғун, Нурулло Шулашов, раиси Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Нерӯгоҳи барқи обии Роғун» ва Маликшо Неъматов, раиси Кумиати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, варзишгаронро бо анҷоми муваффақонаи дави марафонӣ табрик гуфтанд.

Сипас ширкаткунандагони дави марафонӣ Анвар Бобоҷонов, собиқадори варзиш, ва Тоҳирҷон Мирзоев, раиси бошгоҳи дӯстдорони дави «Ағба»-и Ширкати алюминии тоҷик Парчами миллии Тоҷикистонро дар маҳалли корҳои сохтмонии ин нерӯгоҳ барафроштанд.
XS
SM
MD
LG