Дирӯз Боймурод Аноров-шаҳрванди Тоҷикистон барои ҷосусӣ ба нафъи Ӯзбекистон 20 сол маҳкум ба зиндон шуд. Музаффар Мирамиршоев-корманди додситонии вилояти Хатлон гуфтааст, Аноров шаҳрванди ӯзбектабори Тоҷикистон аст, ки дар соли 1992 Тоҷикистонро тарк кардааст, вале дар соли 2005 ғайриқонунӣ ба Тоҷикистон баргаштааст. Аноров дар ҷараёни расидагӣ ба парвандааш ба бозрасон гуфтааст, ки Бахтиёр Алимардонов-шаҳрванди собиқи Тоҷикистон, ки соли 1992 ин кишварро тарк кардааст, дар Ӯзбекистон барои хадамоти кашф кор мекунад ва вай аз Аноров хоҳиш кардааст, ки ба Тоҷикистон баргардад ва дар бораи иншооти энержии Тоҷикистон, аз қабили ниругоҳи Норак, Сангтуда-1 ва амсоли он маълумот ҷамъоварӣ кунад. Ба гуфтаи мақомот, Аноров баъд аз бозгашт аз Ӯзбекистон дар соли 2005 муддате дар ниругоҳи Сангтуда-1 кор кардааст. Вай дар моҳи июли соли 2009 бо асноди маҳрам дар як масҷиди Данғара боздошт шудааст. Мақомоти Ӯзбекистон нигаронанд, ки баъд аз сохтани ниругоҳҳои барқи обӣ дар Тоҷикистон ба онҳо камтар об мерасад.