Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як пешниҳоди марбут ба саҳмияҳои "Роғун"


Илҳом Ҳакимов
Илҳом Ҳакимов

Яке аз хонандагони сомонаи мо, Илҳом Ҳакимов пешниҳоди худро дар бобати фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи "Роғун" дар миён гузоштааст ва Шумо агар дар мавриди он ақидае доред, лутфан, бинависед.

Беҳтар мебуд , агар ҳукумат барои фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи барқи обии "Рогун" аз ширкатҳои телефони ҳамроҳ ё мобайл истифода барад.

Ба чӣ шева? Ба пешниҳоди ман, бояд барои ҳар як бор пайвастшавӣ аз тариқи "зангхои баромад" аз муштариён ба миқдори як сенти иловагӣ пул пардохт шуда, он ба расмулҳисоби махсус интиқол ёбад ва ин маблағ ба саҳмия табдил шавад.

Тасаввур кунед, агар дар ҷумҳурӣ ҳудуди 5 миллион нафар муштарии телефони ҳамроҳ бошанд ва ҳар яке ҳар рӯз 10 бор аз "зангҳои баромад" истифода кунад, ба ҳисоби миёна дар ҳар шабонарӯз ба микдори 500 000 доллари изофӣ ҷамъ мешавад: 5 000 000х0,1=500 000 ва дар як моҳ ин сармоя ба 15 миллион доллар ва дар як сол ба 180 миллион доллар мерасад:

500 000 х 30 =15 000 000
15 000 000 х 12 =180 000 000

Ин шумориш, албатта, шартист ва хуб мешуд, агар коршиносон назарашонро дар ин бора баён мекарданд.

Муштариёни телефони ҳамроҳ шояд эътироз кунанд, ки чаро бояд бидуни фоидае 1 сенти иловагӣ медодаанд. Идомаи пешниҳоди ман ба онҳо дахл дорад. Баъд аз он ки нерӯгоҳи "Роғун"-и мо, ки як дастоварди умумимиллӣ мешавад, ба кор даромад, аз ҳисоби дивиденд ё сарбахше, ки зимни сармояҳо ба даст меояд, ба аҳолӣ як қисми пули барқ ва газе, ки истифода мекунанд, ҷуброн карда шавад.

Барои намуна, агар нархи 1 кВт барқ 2 сент бошад, 1 сенташ аз ҳамин ҳисоб пардохт шавад, ё нархи 1 метри мукааб газ, ки ҳудуди 1 сомониву 36 дирам аст, бояд аз аҳолӣ 30 дирам ва боқӣ 1 сомониву 11 дирамаш аз хисоби сарбахши саҳмияҳо ҷуброн шавад.

Дар чунин сурат фурӯши саҳмияҳо ҳам бидуни ҳеч як мушкил ба таври автоматик сурат мегирад ва барои мардум ҳам дар оянда газу барк арзонӣ ва доимӣ мешавад, зеро дар чунин сурат ҳама тавони пардохти газро пайдо мекунанду онро сари вақт месупоранд.

Ва боз як нафъаш дар ин аст, ки дар чунин ҳолат, яъне арзон шудани нархи газ мардум аз барқ камтар истифода мебаранд, ки ин сабаби камтар аз кор баромадани трансформаторҳо ва ноқилхои барқ мешавад.

Ҳамчунин ба хотири риояти адл барои он минтақаҳое, ки лӯлаи гази табиӣ ба он ҷо кашида нашудааст, ҷуброни пули барқ нисбатан зиёдтар пардохт шавад.
XS
SM
MD
LG