Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таваҷҷӯҳ ба ислом дар Хуҷанд: рӯ ба боло


Рӯҳониёни маъруф дар минтақаи шимолии Тоҷикистон киҳоянд? Онҳо чӣ гуна амри маъруфҳои худро ироа, сабту тавзеъ мекунанд ва ҳамчунин ба чӣ роҳҳое китобҳои мазҳабиро ба чоп мерасонанд?

“Шарт” барои чопи китобҳои динӣ


Ҳоҷӣ Ҳусейн Мӯсозода, раҳбари Шӯрои уламои вилояти Суғд ва имомхатиби масҷиди Шайх Муслиҳиддин дар Хуҷанд, дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, ки феълан мушкили хосеро дар роҳи чопи китобҳои динӣ дар ин вилоят намебинад. Аммо, гуфт ӯ, онҳо талош мекунанд аз чопи адабиёти мазҳабие, ки ихтилоф миёни пайравони фирқаҳои мухталифи исломро метезонад, ҷилавгирӣ шавад.

Ба суоли мо дар ин бора, ки дар маҷмӯъ “шарт” ё меъёр барои чопи китобҳои динӣ дар кишвар кадом аст, оқои Мӯсозода чунин гуфт: “Имрӯз домани матбуот васеъ аст. Ҳар кас ба ҳар шакл метавонад китобҳои худро нашру паҳн кунад. Вале мо бо имомхатибҳои шаҳру навоҳии вилоят машварат кардем, ки дар ҳар куҷое китобҳои динӣ барои чоп омода шудаанд, бояд аз назари онҳо гузаранд. Зеро ақида ва масъалаи фиқҳӣ хоси як инсон нест. Бояд ақида ақидаи солим бошад ва масоили фиқҳӣ мувофиқи ҳамон мазҳабе, ки мардум аз он пайравӣ мекунанд, баҳс шавад”.

Бештари таҳлилгарон дар вилояти Суғд низ мегӯянд, барои чопи китобҳои динӣ дар ин минтақа “қоида” ё “меъёрҳои” нонавиштае вуҷуд дорад, ки онро бидуни баҳс бояд риоя кард. Масалан, қабл аз чопи китобҳои динӣ бояд онро идораи Шӯрои уламо аз назар гузаронад ва намояндаи раёсати умури дин дар ҳукумати вилоят ба чопи он иҷоза диҳад. Бидуни иҷозаи ин ду ниҳод нависандагон ё мутарҷимон наметавонанд, ки китобҳои навишта ё баргардонкардаи худро интишор диҳанд.

“Наҳзатиҳо чунин мушкил надоранд”


Нӯъмонҷон Очилов, сухангӯи раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ дар Суғд, агарчи вуҷуди ин мушкилро таъйид мекунад, аммо мегӯяд, то кунун худи онҳо ба мушкили чопи китобҳои динӣ, сабту нашри навори амри маъруфҳои рӯҳониёни ин ҳизби исломӣ рӯ ба рӯ нашудаанд.

Ба гуфтаи вай, дар назди Ҳизби наҳзати исломӣ дар вилояти Суғд чопхонаи “Муаттар” фаъолият дорад, ки бидуни мушкил асарҳо ва сӯҳбатҳои мухталифи динии рӯҳониёни ин ҳизбро мунташир мекунад: “Дар шӯъбаҳои ҳизби мо афроде ҳастанд, ки дар ҳақиқат донандаи хуби илмҳои исломӣ мебошанд ва сари чанд вақт дар қароргоҳи ҳизб дар Хуҷанд бо иштироки онҳо дарсҳову маҳфилҳо баргузор. Навори ин сӯҳбатҳо бидуни мушкил сабт ва паҳн карда мешаванд”.

Оқои Очилов мегӯяд, онҳо бо Шӯрои уламои вилоят дар бораи чопи китобҳо ва нашри мавъизаҳои рӯҳониёнашон ҳамкорӣ надоранд. Балки, ба гуфтаи ӯ, ба чопи китобҳо ва ироаи амри маъруфҳо маҷмаи уламои ин ҳизб, ки дар Душанбеву Хуҷанд амал мекунад, иҷоза медиҳад.

Хуҷанд: рӯҳониёни маъруф киҳоянд?


Бо ин ҳол, садои амри маъруфи рӯҳониён дар бозорҳои Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, сари ҳар вақт ба гӯш намерасад. Бозори фиттафурӯшии мазҳабӣ ва пӯшишҳои исломӣ дар ин ҷо танҳо дар рӯзи ҷумъа “гарм” мешавад.

Дар канори бозори “Панҷшанбе”-и шаҳри Хучанд ва канори масҷиди Шайх Муслиҳиддин растаи фурӯши китобҳои динӣ, лавозимоти зарурӣ барои адои намоз, ҳиҷоб, сарпӯшҳо ва дискнаворҳои мазҳабӣ вуҷуд дорад. Аммо дар он ҷо аксаран дискнаворҳои мазҳабӣ ё амри маъруфҳои Ҳоҷӣ Мирзо, рӯҳонии шинохта ва имомхатиби масҷиди Имоми Аъзам дар Кӯлоб, сӯҳбатҳои Муҳаммадсолеҳи Пурдил, қироати Қуръон ва филмҳои исломӣ мавриди фурӯш қарор доранд.

Мо дар ин раста танҳо амри маъруфҳои Ибодулло Калонзода, имомхатиби масҷиди “Нури ислом” дар Хуҷандро дидем. Ва ба нудрат мешавад, ки дар ин раста наворҳои мазҳабии рӯҳониёни вилояти Суғдро пайдо кард.

Фурӯшандаҳо ба далели ин ки зери бори фишор ва таъқиби мақомот қарор нагиранд, аз сӯҳбат бо мо худдорӣ варзиданд, вале бархеи онҳо дар сӯҳбати бидуни микрофон гуфтанд, ки сари ҳар вақт онҳоро низ тафтиш мекунанд ва наворҳоеро, ки баҳсҳоеро дар ҷомеа ба дунбол доранд, ки бармедоранд. Аз ин рӯ, аксари онҳо фурӯши филмҳо, сару либоси ислом ва китобҳои диниро аз сӯҳбатҳои сабтшудаи рӯҳониёни ба истилоҳ баҳсбарангез афзалтар медонанд.

Боз Эшони Нуриддин ва боз Ҳоҷӣ Мирзо


Бештари сокинони вилояти Суғд мегӯянд, рӯҳониёни ин минтақа то кунун бо матраҳ кардани масоили мубрами рӯз аз нигоҳи шариат маҳбубияти хос касб накардаанд. Абдуқодир Хӯҷамов, як сокини Хуҷанд, мегӯяд, ҳанӯз ҳам дар ин минтақа Эшони Нуриддин, бародари ӯ Эшони Маҳмуд ва ҳамчунин Ҳоҷӣ Мирзо аз маъруфияти хос бархӯрдоранд. Вай мегӯяд, эхтиёткорӣ ва таҳти таъсири мақомоти вилоят қарор гирифтани рӯҳониён имкон намедиҳад, ки таваҷҷӯҳ ба гӯш кардани амри маъруфҳои эшон зиёдтар гардад.

“Мавзӯи мавъизаҳоро интихоб мекунем”


Ин дар ҳолест, Ҳоҷӣ Ҳусейн Мӯсозода, раҳбари Шӯрои уламои вилояти Суғд, мегӯяд, имомхатибони масоҷид метавонанд озодона назару андешаҳои худро дар бораи масоили марбут ба ислом дар намозҳои рӯзи ҷумъа ироа кунанд. Аммо мегӯяд ӯ, Шӯрои уламои маркази исломии ҷумҳурӣ феҳрияти мавзӯҳоро аз пеш барои онҳо мефиристад ва онҳо аз қабл сӯҳбатҳои рӯҳониён ва имомхатибҳои ин вилоят дар масоҷиди ҷомеъро таъйин мекунанд.

Таваҷҷӯҳи бештар ба Ислом дар Хуҷанд


Тилав Расулзода, коршиноси маҳаллӣ, мегӯяд, дар даҳ соли гузашта таваҷҷӯҳ ба ислом дар шимоли Тоҷикистон, ба вижа дар шаҳри Хуҷанд, афзудааст. Мисоли ҷолиб ин аст, ки агар даҳ соли пеш Ҳизби наҳзати исломӣ танҳо дар шаҳри Хуҷанд ҳудудан 11 узв доштааст, ҳоло теъдоди аъзои он ба 1100 нафар расидааст, ки 100 баробар бештар мебошад.

Ҳамчунин, мақомот мегӯянд, ки дар вилояти Суғд 87масҷиди ҷомеъ, 950 масҷиди панҷвақта ва 9 мадрасаи исломӣ амал мекунанд, ки барои фаъолияти қонунӣ аз қайди идораи умури дин дар вазорати фарҳанг гузаштаанд.
XS
SM
MD
LG