Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манъи фаъолияти ду созмони имдодӣ дар Афғонистон


Мақомоти Афғонистон дар пайи ба таблиғи дини масеҳӣ айбдор шудани созмонҳои имдодии Норвегиан Чурч Эйд ва Ворлд Чурч Сервисиз фаъолияти ҳарду созмонро мутаваққиф кард. Вазорати иқтисод гуфт, ин ду гурӯҳ таҳти бозрасӣ қарор доранд. Таблиғи ҳар дини дигар, ба ҷуз аз Ислом дар Афғонистон мамнӯъ буда, муҷозоташ то ҳукми эъдом аст.
Хабари ба таблиғи дини масеҳӣ даст доштани ин ду созмони имдодӣ аз як гузориши телевизиони хусусии “Нурин” бархост, ки ба тоҷири маҳаллӣ Ҳоҷӣ Ориф тааллуқ дорад. Ориф аз афроди наздик ба раиси парлумон Юнуси Қонунист.
Парлумони Афғонистон дирӯз бо иттифоқи оро қатъномаеро қабул кард, ки ба бастани кулли созмонҳои имдодии дар таблиғи Масеҳият дастдошта даъват мекунад.
XS
SM
MD
LG