Мансабдорони т оҷик меафзоянд, ин сомонаҳо аксаран ба забони тоҷикӣ матлаб нашр карда, мӯҳтавои масеҳӣ буданро ба таври сода ба мардум фаҳмонидаанд.
«Мо метавонем, бо муҳаббат ва қуввату қудрати Худованд пуле миёни Исо ва тоҷикони дигар шавем. Бигзор онҳо фаҳманд, ки масеҳӣ шудан маънои гум кардани миллат ва урфу одатро надорад. Баръакс, мо акнун анъанаву расму оинҳои худро на аз рӯи маҷбурӣ, балки аз таҳти дил иҷро мекунем...»
Ин навиштаи сомонаи интернетии «Слово жизни», марбут ба масеҳиёни инҷилӣ дар Душанбе аст. Ҳамчунин, дар ин сомона китобҳое бо номи «Оила», «Доми шайтон» ва «Ман дигар танҳоям» ҷо дода шудааст, ки бидуни мушкил онҳоро низ мешавад рӯйи сафҳаи компутар варақ зад.
Мушкили хатарзо
Аммо чунин таблиғи масеҳиён рӯйи интернет дар ҳолест, ки масҷиду мадраса ва созмонҳои динии исломӣ дар Тоҷикистон сомонаҳои хоси худро надоранд ва кам саҳифаҳоро пайдо кардан мумкин аст, ки мӯҳтавои аслии исломро ба мардум ошкор кардаанд.
Бо ишора ба ин, донишмандони ислом аз таблиғи масеҳият дар кишвар изҳори нигаронӣ карда, мегӯянд, ки ин мавзӯъ дар минбаъда ба як мушкили умда дар ҷомеаи аксаран мусулмони Тоҷикистон табдил хоҳад ёфт.
Тоҷиддин Мардонӣ, муовини раҳбари Донишгоҳи исломии Тоҷикистон, ки ҳоло зери итоати Кумитаи дин қарор гирифтааст, мегӯяд, созмонҳои динии масеҳиасос бо ташкили урдугоҳу маҳфилҳо навҷавононро ба худ моил карда, дар минбаъда мехоҳанд онҳоро ба манфиати худ истифода кунанд.
Вай мегӯяд, ин наврасон пас аз даҳ сол, ки бо ақидаи масеҳӣ ба камол мерасанд, дар идораҳои давлатии Тоҷикистон ҷо гирифта, ҷамоаи тоҷикони масеҳимазҳабро ташкил хоҳанд дод ва, ҳамин тавр, барои қудрат низ мубориза хоҳанд бурд: «Он гоҳ масеҳии тоҷик дар як деҳа метавонад бо мусулмони тоҷик ба ҷанг хезад. Дар масҷидҳо ва берун аз масҷидҳо, дар ҷаласаҳо. Агар дурнамои ин баҳсро фикр кунем, хеле хатарзо аст.»
Айб дар мусулмонии мост?
Аммо дар ҷавоб ба ин нигаронӣ Абдураҳим Холиқов, раиси тозатаъйини Кумитаи дин, бори масъулиятро ба дӯши домуллоҳои тоҷик вогузошт ва ин ҳамаро ба заъфи онҳо нисбат дод: «Умуман, бе ризоияти падару модар ба таълими динӣ фаро гирифтан ва тарғиби динӣ кардан тибқи қонун дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ манъ шудааст. Як самти фаъолияти мо бо инҳо низ хоҳад буд. Вале фақат як нуктаро гуфтаниям, ки ба динҳо гароиш кардани ҷавонони мо аз камбудии мову шумо мусулмонҳо аст. Муллоҳову уламои динӣ вазифаи худро дуруст иҷро намекунанд.»
Оқои Холиқов ҳамчунин гуфт, ки Кумитаи дин, дар гузашта раёсати умури дин дар вазорати фарҳанг, талош кардааст, ки аз таблиғи ғайримуҷози созмонҳои ғайриисломӣ ҷилавгирӣ кунад.
Ба гуфтаи вай, мақомот созмони «Шоҳидони Яҳува»-ро дар соли 2007 ба далели ин ки пушти дари хонаҳои мардум рафта, таблиғ мекарданд, мамнӯъ кардааст. Ва, инчунин, дар шурӯи соли ҷорӣ ҳудуди 10 созмони масеҳӣ натавонистаанд, ки худро дубора номнавис карда, ба фаъолиятҳои динияшон дар Тоҷикистон идома диҳанд.
Таблиғро маҳдуд кардаанд?
Игор Самиев, масъули як созмони масеҳӣ дар Тоҷикистон , мегӯяд, то замони тасвиби қонуни нав дар бораи озодии виҷдон пайравони созмонҳои масеҳӣ имкони васеъи таблиғи динро доштанд. Вале ҳоло ба гуфтаи ӯ, онҳо фақат имкони таблиғ дар дохили калисоро доранду халос: «Барои таблиғи дин дар калисову масҷид иҷоза додаанд. Вале барои таблиғи ошкор ва ташкили ҷамъомадҳо бояд аз Кумитаи дин иҷоза бигирем»
Дар бораи ин ки чӣ қадар аз мусулмонҳои Тоҷикистон масеҳиятро баргузидаанд, то ҳол омори расмие вуҷуд надорад, вале манбаъҳои ғайрирасмӣ мегӯянд, ки ин рақам эҳтимол аз 40 то 200 ҳазор нафар мерасад.
Бо ин вуҷуд, қонуни асосии Тоҷикистон интихоби динро озод гуфтааст ва тибқи он ҳар нафар метавонад, ки муносибати худро ба дин бевоситаи каси дигаре муйаян кунад, аз ҳар кадом дине хоҳад пайравӣ намояд ва ё пайравӣ нанамояд.