Олмон хостори таҳқиқи комили қазияи қатли 8 корманди имдодии хориҷӣ, бо шумули як хонуми олмонӣ, дар Афғонистон шуд. Аҷсоди ин 8 хориҷӣ ва 2 афғон рӯзи ҷумъа дар як минтақаи дурдасти вилояти Бадахшон ёфт шуд. Мудирои созмони имдодии International Assistance Mission Дирк Франс гуфт, ин гурӯҳ 6 амрикоӣ, як олмонӣ ва як бритониёиро фаро мегирифт.
Сухангӯи Толибон Забеҳуллоҳ Муҷоҳид ба расонаҳои ғарбӣ гуфтааст, ки ҷангиёни толиб 9 хориҷӣ ва 1 тарҷумони маҳаллии онҳоро бо ҷурми ҷосусӣ барио нирӯҳои НАТО ва таблиғи масеҳият қатл кардаанд.
Сухангӯи Толибон Забеҳуллоҳ Муҷоҳид ба расонаҳои ғарбӣ гуфтааст, ки ҷангиёни толиб 9 хориҷӣ ва 1 тарҷумони маҳаллии онҳоро бо ҷурми ҷосусӣ барио нирӯҳои НАТО ва таблиғи масеҳият қатл кардаанд.