Дар ин феҳрист номи 11 хориҷӣ - панҷ нафар аз Русия, 4 тан аз Афғонистон, 2 узбакистонӣ ва бақия шаҳрвандони Тоҷикистон зикр шудааст, аз ҷумла Абдурасул Мирзоев, бародари Ғаффор Мирзоев, собиқ фармондеҳи Горди миллии Тоҷикистон, ки аз фирораш Ойиша, хоҳари бузургаш афсӯс мехӯрад:
«Нав шикоят ба додгоҳи кассатсионӣ дода будем, ки ҳукмашро аз нав бинанд. Аммо ӯ гурехтааст. Ман намедонам, ки ӯ куҷо рафтааст. Худо медонад. Ба фикри ман, давлат ҳаст ва ҳоло ҳамаашро меёбад».
Фирори фарзандони Зиёев таъйид нашуд
Дар феҳристи 25 - нафарии фирориён аз маҳбаси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳамчунон аз наздикони Мирзо Зиёв, собиқ вазири ҳолатҳои изтирорӣ, номи 9 нафар, ба шумули Аъзамшо Зиёев ва Ҷонибек Зиёев оварда шуда, аммо фарзандонаш Муҳаммадризо ва Саидаҳмад зикр нашудаанд.
Қаблан дар рӯзи фирори зиндониён мақомоти Тоҷикистон рӯйхати 14 нафари онҳоро эълон дошта буданд. Як масъули матбуотии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ сабаби ин таъхирро дар омода набудани рӯйхат унвон кард.
Дар ҳамин ҳол, тибқи шоеоте, ки дар шаҳри Душанбе сайр мекунанд, дар миёни фирориён эҳтимолиҳузури Сӯҳроб Лангариев, бародари Лангарӣ Лангариев, аз фармондеҳони Фронти халқӣ, ки низ соли гузашта бо иттиҳоми табаддулоти давлатӣ боздошт шуда буд, соқит намешавад.
Аммо дар посух ба суоли мо, ки оё ин феҳрист ниҳоӣ аст, масъулин посухи рад ё тасдиқро надоданд.
Ҷустуҷӯи фирориён
Дар ҳамин ҳол ситоди фаврии Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, ҷустуҷӯи дурӯзаи фирориёни боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон то ҳанӯз натиҷае ба бор наовардааст.
Тоҳир Норматов, масъули ситод ба радиои Озодӣ гуфт, то ба ҳол далели қотеъи дар куҷо қарор доштани фирориён ба даст наомадааст: «То ба ҳол ягон кас хабаре дода, ба мо кӯмак накардааст. Агар ягон гузориш дошта бошед, диҳед, ман бисёр хурсанд мешудам».
Оқои Норматов гуфт, ҷустуҷӯи зиндониёни фирорӣ дар саросари кишвар идома дорад. Рауф Юсуфов, сарвари Раёсати корҳои дохилаи вилояти Суғд мегӯяд, кормандони милисаи ҳамаи навоҳӣ ва ҳаммарз бо Қирғизистону Ӯзбакистон дар ҳолати омодабош қарор доранд:
«Онҳоро барои муайян кардани маҳалли бубубоши фирориҳо сафарбар кардаем. Тамоми ахбор ба Ситоди фаврӣ пешкаш мешаванд, ки онҳоро мо гуфта наметавонем».
Ифшои мошинҳои фирориён
Тибқи манобеъи ғайрирасмӣ, дар дараи Ромит се худраве ошкор шуд, ки гуфта мешавад фирориён бо истифода аз онҳо Душанберо тарк кардаанд. Ромит дар масири анъанавӣ, аммо душворгузари кӯҳӣ ҷойгир аст, ки ба водии Рашту вилояти Суғд мебарад.
Шукрулло, як сокини ноҳияи Масчоҳи Кӯҳӣ мегӯяд, аз ин ноҳия то шаҳри Хуҷанд 7 посгоҳи нерӯҳои амниятӣ амал мекунанд:
«Баъди пулакӣ шудани роҳ умуман милиса набуд. Одам ҳис мекунад, ки баъд ҳодисаи фирори зиндониён ин тадбирҳо гирифта шудаанд».
Зимнан, дараи Ромит ягон масири фирори зиндониён буда наметавонад. Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати корҳои дохила мегӯяд, фирориён ба тарафҳои гуногун фирор кардаанд, ки аз зикрашон ба нафъи бозрасӣ худдорӣ мекунад:
«Вақте ки ягонтояшро дастгир кардем, ё ки автомат ёфтем, инҳо ҷузъиёти тафтишотанд, ки ифшои онҳо ба тафтишот халал мерасонад. Инҳоро аз ҷое ёфтагиянд, ки самти ҳаракати ҷинояткоронро муайян мекунанд. Барои ҳамон мо дар бораи онҳо намегӯем».
Аммо бо назардошти роҳҳои берун рафт аз маркази кишвар таҳллигарон ҳадс мезананд, ки зиндониёни фирорӣ ба гурӯҳҳо тақсим шуда, гуруҳе ба самти Ҳисору Ӯзбакистон, дигаре — водии Рашту Тавилдара ва гуруҳи саввумӣ - Ромиту вилояти Суғд фирор кардаанд.
Дар ҳамин ҳол, фирори зиндониён аз боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон суолҳои зиёдеро ба бор овардааст, ки масъулин аз гуфтани посух ба онҳо худдорӣ мекунанд.
Ин яке аз қазияҳои пурсарусадо тайи солҳои ахир дар Тоҷикистон аст, ки Хадамоти федеролии амнияти Русия ва созмони байнулмилалии Интерпол изҳори омодагӣ ба кӯмак кардаанд.
Ахиран мақомоти Ӯзбакистон ҳам иттилоъ додаанд, ки нерӯҳои амниятии кишварро дар ҳолати омодабош қарор додаанд.