Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

10-ӯми октябр дар Қирғизистон рӯзи интихобот аст


Роза Отунбоева-раиси ҷумҳури Қирғизистон имрӯз дар Бишкек ба рӯзноманигорон гуфт, бо вуҷуди баъзе сару садоҳо ва шаку шубҳаҳо интихоботи порламонӣ дар ин кишвар баргузор хоҳад шуд. Вай гуфт:

"Барои назорат ба интихобот аз ҷониби нозирони ҳизбҳои мухталиф рақобат хеле зиёд хоҳад буд. Ман ҳатто дар бораи нзирони байналмиллалӣ, ки шумораашон ба 800 нафар мерасад, чизе намегӯям. Ин қадр чашм назора хоҳад кард. ман намедонам, дар куҷо холигоҳ мемонад, ки нируҳои маъмурӣ сафарбар шаванд".

Интихоботи порламонии Қирғизистон рӯзи якшанбе баргузор мешавад ва нозирони Тоҷикистон низ бар ҷараёни райдиҳӣ дар ин интихобот назорат мекунанд. Дар интихобот 29 ҳизби сиёсӣ намояндагони худро номзад пешбарӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG