Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон: Дин озод аст, тундгароӣ на


Машварати солонаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Варшава, 28 сентябри соли 2011.
Машварати солонаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Варшава, 28 сентябри соли 2011.

Намояндаи Тоҷикистон гуфт, кишвараш тарафдори озодии дин, аммо мухолифи фанатизм ва тундгароист.

Ноиби раиси Кумитаи дини Тоҷикистон Мавлон Мухторов дар ҳамоиши “Озодии афкор, виҷдон, дин ва ақида”, ки дар чаҳорчӯби машварати солонаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Варшава баргузор гашт, гуфт, бо вуҷуди мушкилоти муайяни иқтисодӣ ва иҷтимоияш Тоҷикистон тамоми талошро мекунад, то озодии дину ақидаро таъмин намояд. Вай ба он ишора кард, ки Тоҷикистон ягона кишвар дар Осиёи марказист, ки ҳизби сиёсие б ар пояи ақидаи диинӣ дар он амал мекунад.

Вай афзуд: “То 1-уми сентябри соли 2011 дар ниҳодҳои давлатии масъул 3829 иттиҳодияи динӣ сабти ном шудаанд, ки аз онҳо 3755 адад иттиҳодияҳои исломӣ, аз ҷумла масоҷиданд. Ҳамчунин дар кишвар 74 иттиҳодияи ғайриисломӣ амал мекунад.”

Ҷаноби Мухторов дар посух ба интиқод аз вазъи озодии дин дар кишвараш, ки ахиран аз тарафи Вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида садо дода буд, мегуфт, посухро ба ин танқидҳо дар ҳамоиши САҲА дар Варшава хоҳад дод. Як нуктаи интиқодӣ аз вуруд ба ибодатгоҳҳо маҳрум кардани афроди то 18-сола аст. Вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида гуфтааст, дар ҳоле ки Қонуни асосии Тоҷикистон озодии динро кафолат додааст, қонунҳои дигар ва дастурҳои ҳукумат ин озодиҳоро тахриб мекунанд. Дар як соли гузашта вазъи озодии дин дар Тоҷикистон, бино бар гузориши мазкур, бадтар шудааст.

Қонуни озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динии Тоҷикистон, ки дар моҳи марти соли 2009 қабул шудааст, нуфузи давлатро ба пайравони дин густариш дод. Дастури номнависи дубораи созмонҳои динӣ бо талаб ва шароити нав сабаби аз фаъолият мондани даҳҳо иттиҳодияи динӣ шуд ва сабти номи созмонҳои нав мушкил гашт.

Дар моҳи августи соли 2010 раисиҷумҳур ба бозгардони донишҷӯёни муассисаҳои таълими динии кишварҳои хориҷӣ дастур дод, ки бе иҷозаи давлат сафар кардаанд. Ҳукумат ҳамчунин бархе аз гурӯҳҳои диниро бо барчаспи “тундгароӣ” манъ кард. Вазорати маориф бо дифоъ аз либоси ягона ҳиҷобу рӯсариро дар мактабу донишгоҳҳо манъ кард. Мақомот аз ин тасмим ҳимоят мекунанд ва мегӯянд, ба хотири он гирифта шудааст, ки маорифи дунявиро ҳифз намояд. Намояндагони давлат, аз ҷумла вазири маориф дар мазҳари ом зидди занони ҳиҷобпӯш суханони истеҳзоомез гуфт.
XS
SM
MD
LG