Ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон мегӯяд, бо гузашти як ҳафта аз ҷониби Узбакистон дар бораи иллатҳои тахриб шудани пули роҳи оҳан дар қитъаи Ғалаба –Амӯзанг ягон иттилоъ дарёфт накардааст. Тахриби ин пул, ки Тошканд натиҷаи “амали террористӣ” унвонаш кард, боиси қатъ шудани ҳаракати қаторҳо ба самти Қӯрғонтеппаву Кӯлоб шудааст. Владимир Собкалов, муовини раиси ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон аз иллатҳои таъхири ширкати “Узбекистон темир йулларӣ” дар тармими пули харобшуда низ изҳори бехабарӣ кард.
Ба гуфтаи мақомот, аз 16 ноябр ба ин сӯ, ба иллати тахриби ин қитъаи роҳи оҳан 270 вагони роҳии вилояти Хатлон дар қаламрави Узбакистон банд мондааст.
Ба гуфтаи мақомот, аз 16 ноябр ба ин сӯ, ба иллати тахриби ин қитъаи роҳи оҳан 270 вагони роҳии вилояти Хатлон дар қаламрави Узбакистон банд мондааст.