Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Харҷи нави роҳи оҳани Узбакистонро кӣ медиҳад?


“Роҳи оҳани Узбакистон” сар аз соли 2012 тарофаҳои боркашонӣ барои Тоҷикистонро дар маҷмӯъ 32 дарсад боло бурд.

Агар соли гузашта барои интиқоли як тонна орду гандум ва қанд 74 доллар пардохта мешуд, ҳоло тибқи нархномаи нав ин рақам ба 88,3 доллар баробар шудааст.

Рӯзи сешанбеи 3 январ дар як нишасти матбуотӣ Усмон Қаландаров, муовини раиси ширкати “Роҳи оҳани Тоҷикистон” гуфт: “Мисоли дигар, агар дар соли 2011 нархи транзити як тонна маводи сӯхт аз истгоҳи Қарақалпоқистон то истгоҳи Қудуқлии Узбакистон 166,9 долларро ташкил медод, ҳоло ин қимат то 197,8 доллари амрикоӣ боло бурда шуд.”

Масъулони ширкати “Роҳи оҳани Тоҷикистон” мегӯянд, табъан ин афзоиш ба баланд шудани нархҳо дар Тоҷикистон сабаб мегардад, аммо барои ҷилавгирӣ аз ин афзоиш ширкат тасмим гирифтааст, фоизи замшударо аз ҳисоби худ пӯшонад.

Ба гуфтаи Усмон Қаландаров, Узбакистон аз ҳисоби 32 дарсад боло бурдани қимати транзит солона 70 миллион доллари амрикоӣ фоида ба даст меорад ва "Роҳи оҳани Тоҷикистон" қарор кардааст, ин 70 миллион долларро аз ҳисоби даромади худ пардохт намояд. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, тарафи Тоҷикистон аз Узбакистон хостааст, то тарофаҳо кам карда шавад, вале Тошканд посухи мусбат надодааст.

Ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон" низ дар муқобили ин иқдоми Узбакистон нархномаи транзитӣ тавассути шабакаҳои роҳи оҳани худ барои Узбакистонро 32 дарсад боло бурдааст.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:03 0:00
Линки мустақим


Муовини раиси ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон" дар посух ба суоли хабарнигорон гуфт, то ба ҳол масири роҳи оҳани ҷануби Тоҷикистон боз нашудааст ва ҳудуди 301 қатораи ҳомили колоҳои мухталиф дар минтақаи Ғалаба - Амузанги Узбакистон дармондаанд. Ба қавли ӯ, мақомоти Узбакистон дар посух ба барқияву номаҳои сарвазир ва порлумони Тоҷикистон гуфтаанд, ки то ба ҳол таъмири ин роҳ ё пули роҳи оҳан шурӯъ нашудааст.

Ахиран дар ҷаласаи Шӯрои роҳи оҳани кишварҳои минтақа, ки дар Тошканд баргузор шуд ва ин мавзӯъ матраҳ буд, як намояндаи ширкати "Роҳи оҳани Узбакистон" гуфтааст, агар Кумитаи амнияти ин кишвар иҷоза бидиҳад, ин роҳро дар як шабонарӯз таъмир хоҳанд кард.

Ба гуфтаи Усмон Қаландаров, ҳадафи Узбакистон аз баҳонаи инфиҷор дар ин роҳ берун кардани Тоҷикистон аз бозори транзити колоҳои НАТО ба Афғонистон аст. Масири роҳи оҳани ҷануби Тоҷикистон бо баҳонаи инфиҷор дар пули роҳаи оҳан аз моҳи ноябри соли 2011 то ба ин сӯ аз тарафи Узбакистон баста шудааст.

Ба гуфтаи ҷаноби Қаландаров, Узбакистон натанҳо дар масири ҷануб, балки дар роҳи оҳан аз истгоҳи Қудуқлӣ то Душанбе низ мушкил эҷод мекунад, то қатораҳои ҳомили коло мувофиқи вақти таъйиншуда ба Душанбе нарасанд. Вай гуфт, "ҳоло дар ин масир мо беш аз 900 қатораи дермонда дорем."

Ин дар ҳолест, ки соли 2010 низ Узбакистон муддате роҳи оҳанро дар масири Қудуқлӣ-Душанбе баста ва исрор мекард, ки фақат колоҳоеро нигоҳ медорад, ки барои сохтмони нерӯгоҳи Роғун фристода мешаванд. Узбакистон мухолифи сарсахти Роғун аст ва сохтмони ин нерӯгоҳро таҳдиде ба амнияти ин кишвар медонад.

Амали террористӣ ё найранги сиёсӣ?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:27 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG