ИМА куштори донишманди улуми ҳастаии Эрон Мустафо Аҳмадиравшанро маҳкум намуд. Ин олими 32-сола дар корхонаи ғанисозии ураниум дар Натанз кор мекард.
Ба иттилои мақомоти эронӣ, рӯзи чаҳоршанбе ду фарди ношиноси савори мотосикл маводи таркандаро дар мошини аҳмадиравшан насб карданд. Дар ин ҳодиса ронандаи мошин ҳам ба ҳалокат расидааст.
Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико, дар робита ба ин ҳодиса гуфт, ки "ман даст доштани Иёлоти Муттаҳида дар амали хушунатбор дар Эронро қатъӣ рад мекунам".
Аз ин пеш ноиби раисиҷумҳури Эрон Муҳаммадризо Раҳимӣ дар куштори донишманди эронӣ ҷосусони кишварҳои ғарбиро айбдор карда буд.
Созмони нерӯи ҳастаии Эрон изҳор намуд, ки бо вуҷуди афзоиши фишори Ғарб аз барномаи ҳастаияш даст бардоштанӣ нест.
ИМА ва ҳампаймонҳояш Эронро дар талоши дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ айбдор мекунанд. Теҳрон ин иддаро рад карда мегӯяд, ки барномаи ҳастаияш фақат аҳдофи осоишта дорад.