Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аъзои Шӯрои амнияти СММ боз ба созиш нарасиданд


Ҳилларӣ Клинтон аз ҷанги шаҳрвандӣ дар Сурия ҳушдор дод
Ҳилларӣ Клинтон аз ҷанги шаҳрвандӣ дар Сурия ҳушдор дод
Аъзои Шӯрои амнияти СММ дар мавриди тасвиби тарҳи қатънома оид ба вазъ дар Сурия ба созиш нарасиданд.

Кишварҳои ғарбӣ аз тарҳе, ки бар пояи нақшаи Лигаи кишварҳои араб таҳия шудааст, пуштибонӣ карданд. Бар пояи ин нақша, бояд, раисиҷумҳур Башор Асад аз мақомаш истеъфо диҳад ва дар Сурия ҳукумати ваҳдати миллӣ ташкил шавад.

Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии ИМА, изҳор намуд, ки Cурия дар вартаи ҷанги шаҳрвандӣ қарор дорад.

Ва аммо Виталий Чуркин, намояндаи Русия дар СММ, фишор болои ҳукумати Димишқро ғайри қобили қабул хонд ва изҳор намуд, ки ин қадами аввал барои дахолати беруна ба Сурия хоҳад буд.

Ба иттилои СММ, тайи даҳ моҳи намоишҳои эътирозӣ бо талаби истеъфои Башор Асад тақрибан 5-у ним ҳазор суриягиҳо ҷон бохтанд.
XS
SM
MD
LG