Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров аз "вето"-и Русия ва Чин ҳимоят кард


Вазири умури хориҷии Русия, Сергей Лавров
Вазири умури хориҷии Русия, Сергей Лавров
Вазири умури хориҷии Русия, Сергей Лавров гуфт, дар қатънома аз гурӯҳҳои мусаллаҳи зидди режими Асад талабҳои нокофие шудааст. Вай афзуд, қатъномаи пешниҳодӣ дар мавриди муколамаи миллии Сурия, ки худ хостори он аст, пешдоварӣ мекунад. Бо истифода аз ҳаққи вето Русия ва Чин ба қатъномаи Шӯрои Амнияти Созмони Милал раъйи мухолиф доданд ва нагузоштанд, ки он ба тасвиб расад. Ин қатънома талаби истеъфои раисиҷумҳури Сурия Башор ал-Асадро дар миён мегузошт. Бақия 13 узви Шӯрои Амният, аз ҷумла Иёлоти Муттаҳида, Фаронса ва Бритониё ба тарафдорӣ аз қатъномае овоз доданд, ки ҳадаф дорад, ба хушунати давомдор дар Сурия хотима гузорад. Намояндагии Бритониё дар Созмони Милал гуфт Русия ва Чин раъйи “шармандавор” доданд.
XS
SM
MD
LG