Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама сӯзонида шудани Қуръонро "тасодуфӣ" номид


Барак Обама раисиҷумҳури ИМА, ар робита ба сӯзонида шудани нусхаҳои Қуръон дар пойгоҳи ҳавоии Багром аз раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай ба таври расмӣ узр хост. Ба иттилои дафтари раёсатҷумҳурии Афғонистон, дар номаи Обама гуфта шудааст, ки сӯзонидани Қуръон барқасдона нест ва тасодуфӣ сурат гирифтааст. Вошингтон ваъда кардааст, ки ин ҳодиса мӯшикофона таҳқиқ хоҳад шуд.

Ҷунбиши “Толибон” имрӯз аз мардуми Афғонистон даъват намуд,ки дар посух ба сӯзонидани чанд нусха Қуръон дар пойгоҳи Багром ба нерӯҳои хориҷӣ ва қароргоҳҳои онҳо ҳамла кунанд.

Эътирозҳо алайҳи ин амали низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон се рӯз боз идома доранд. Имрӯз беш аз ҳазор нафар бо шиорҳои зиддиамрикоӣ ба хиёбонҳои Кобул рехтанд. Дар вилояти Лағмон садҳо нафар дарвозаи пойгоҳи низомӣ дар шаҳри Меҳтарламро сангборон карданд.
XS
SM
MD
LG