Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафар Сафаров: "Шукрона гӯед, камбудӣ наҷӯед!"


Сафар Сафаров, муовини раиси Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон (ҲХДТ).
Сафар Сафаров, муовини раиси Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон (ҲХДТ).

Сафар Сафаров гуфт, дар ҳоли ҳозир ҳеҷ ҷавонеро намебинад, ки аз ӯҳдаи идораи ҷумҳурӣ баромада тавонад.

Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) бо ишораҳое ошкоро аз пешниҳоди номзадии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кунунӣ ва раиси ин ҳизб, дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2013-ум сӯҳбат мекунад.

Масъулони ин ҳизб дар сӯҳбатҳои расонаии худ бар ин таъкид кардаанд, ки номзади шоиста ва арзандаи онҳо дар ин маърака боз ҳам раисиҷумҳури феълии Тоҷикистон аст. Дар як гуфтугӯ аз Сафар Сафаров, муовини аввали раиси ҲХДТ, пурсидем, ки чӣ зарурат барои якуним сол қабл аз баргузории маъракаи интихоботи раисиҷумҳур эълони исми номзади ин ҳизб пеш омадааст? Фикр мекунед, интихоботи оянда душвортар мегузарад?

Сафар Сафаров: "Ҳар як маъракаи интихоботӣ хусусияти хоси худро дорад. Имрӯз мо мебинем, ҷаҳони муосир чи хел тағйир меёбад. Таҳаввулоти сиёсии зиёд мешавад. Таваккалҳо низ ҳастанд. Як мақоли мардумӣ ҳаст, ки "Хӯрдагиҳо пушаймон, нахӯрдаҳо дар армон". Як одам вазни худашро қиёс карда ё ки ҷамъу тарҳ карда гуфта наметавонад, ки ман аз ӯҳдаи роҳбарии сад кас мебароям ё намебароям. Лекин мехоҳад, раисиҷумҳур бишавад. Албатта, ин талабот ҳаст. Дар ҳамаи давлатҳо ба ҳамон рӯзе мерасем, ки барои раисиҷумҳур шудан одамҳое бояд пешниҳод шаванд, ки ҳадафҳое доранд ва барои амалӣ шудани онҳо асос доранд. Он вақт халқ тарафдорӣ мекунад. Мо давлати бисёрҳизбӣ ҳастем. Барои ҳамин, мумкин дар интихоботи оянда ин ҳизбҳо номзадҳои худро дошта бошанд."

Сафар Сафаров
Сафар Сафаров
Радиои Озодӣ: Баъзе аз коршиносҳо бовар доранд, ки ҲХДТ дар муқоиса бо интихоботи қаблӣ аз он ҷиҳат хеле пештар номзади худро эълон кард, ки таваҷҷӯҳи Русия ва дигар кишварҳои зидахл дар авзои Тоҷикистонро ҷалб кунанд, ки бо раисиҷумҳури имрӯза ҳисобу китоб намояд. Яъне, инҷо ҷалби таваҷҷӯҳи хориҷиҳо кишварҳои зидахл ба авзои Тоҷикистон муҳим аст, чун ҲХДТ аз нерӯҳои дохилӣ он қадар бим ҳам надорад?

Сафар Сафаров: "Мо диққати ягон касро ба худ ҷалб карданӣ нестем, алалхусус, давлатҳои ҳамсояро. Мо фақат аз рӯи қонун вақте интихобот эълон бишавад, фикри худамонро мегӯем. Тарафдорони мо, ки дар дигар давлатҳо дар муҳоҷирати меҳнатианд, кор мекунанд, алакай бо онҳо кор бурда истодаем. Гурӯҳҳои кории мо ба вилоятҳои Русия сафар кардаанд, мулоқот мешавад. Фақат мақсади мо ҳадафҳои барномавии ҳизбро муаррифӣ кардан аст, на чизи дигар."

Радиои Озодӣ: Фикр мекунед, дар канори раисиҷумҳури феълӣ ҲХДТ ҷавонҳоеро ҳам дорад, ки метавонанд номзад бишаванд?

Сафар Сафаров: "Ҷавонҳо ҳастанд. Вале вақти ҷавонҳоро пешниҳод кардан ҳам ҳаст ва ин кор дар оянда мешавад. Ҳозир ҷавоне, ки ҷумҳуриро ӯҳда карда битавонад, чунин ҷавонҳоро намебинем ва ҷавонҳо ҳоло бояд дар ҳизб сайқал ёбанд ва дар оянда мумкин мо ҷавонҳоро пешниҳод ҳам намоем. Ҳозир номзади мо фақат Эмомалӣ Раҳмон раисиҷумҳури феълист."

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:39 0:00
Линки мустақим


Радиои Озодӣ: Ҳоло 20 сол аст, ки дар вазифаи олии кишвар Эмомалӣ Раҳмон кор мекунад. Оё фикр мекунед, рӯҳияи мардум барои қабули раисиҷумҳур боз ҳам омода аст?

Сафар Сафаров: "Рӯҳияи мардум, албатта, омӯхта мешавад. Агар Шумо рӯҳияи мардумро омӯхтан хоҳед ман сад дарсад бовар дорам, ки аз сад нафар 95-99 фоиз ҷонибдори фаъолияти раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аст."

Радиои Озодӣ: Бисёре аз ваъдаҳое, ки раисиҷумҳур кард, аз ҷумла то соли 2013-ум мо аз мушкилоти бебарқӣ раҳо меёбем ва мушкилоти иқтисодии мо ҳам рафъ мешавад, бартараф нашуданд. Фикр мекунед, боз ҳам мардум аз раисиҷумҳур дастгирӣ мекунад?

Сафар Сафаров: "Якум ин ки ҷаноби олӣ ҳеҷ вақт ваъда намедиҳанд. Ин калимаро Шумо дигар истифода накунед. Раисиҷумҳур фикрҳои барномавӣ дорад. Ин фикрҳои барномавиро ба мардум пешниҳод мекунанд. Истиқлолияти энергетикиро ба даст овардан ин кори осон нест. Имрӯз ҳама медонем, ки дар атрофи нерӯгоҳи Роғун чӣ қадар гапу ҳарфҳо гуфта мешавад. Ҳол онки ин лоиҳа дар давраи Шӯравӣ баррасӣ шудааст. То ҷое иттилоъ дорам, 48 институтҳои лоиҳакашии Шӯравии собиқ хулосаҳои худро дар бораи он баён дошта буданд. Лекин имрӯз сиёсатмадороне ҳастанд, ки онро зери шубҳа мегузоранд. Барои ҳамин ҳам, ба истиқлолияти энергетикӣ расидан ин кори бисёр мушкил аст. Ин дави миллӣ нест, ки аз як марра ба марраи дигар давида расем. Барои ҳамин, ин ваъда нест, ин ҳадафҳои барномавӣ аст. Ҳадафҳои барномавии ҷаноби олӣ ва раиси ҳизби мо аст. Иншооллоҳ, мо ба онҳо хоҳем расид. Фақат шукрона кардан даркор, камбудӣ ҷустан даркор нест."
XS
SM
MD
LG