Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли Холмӯъмин Сафаров тасодуфист ё фармоишӣ?


Холмӯъмин Сафаров
Холмӯъмин Сафаров

Вазорат гуфт, ба онҳое, ки дар пайдо кардани қотилони Холмӯъмин Сафаров кӯмак мекунанд, ҷоизаи пулӣ медиҳад.

Куштори Холмӯъмин Сафаров, мудири сарраёсати хоҷагии ҷангал ва шикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ва шавҳари хоҳари раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон шаби 13-уми июн дар наздикии манзили зисташ, дар маҳаллаи мавсум ба "Автовокзал"-и шаҳри Душанбе, рух додааст.

Вазорати умури дохилӣ (ВУД) бо нашри баёнияе гуфт, "афроди номаълум раҳбари Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал ва шикори Кумитаи ҳифзи муҳити зист Холмӯъмин Сафаровро тавассути таппончаи тамғаи "Макаров" аз қисмати рӯй, қафаси сина ва шикам захмӣ намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд. Ҷабрдида дар натиҷаи бардоштани ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ҳалок мегардад."

Абдураҳмон Бузмаков
Абдураҳмон Бузмаков
Мақомоти интизомии Тоҷикистон аз ҷузъиёти бештари ин ҳодиса худдорӣ мекунанд. То кунун кадом фарзия ва тахминҳоеро ҳам, ки ангезаи ин ҳодиса шуда бошад, баён нашудааст. Абдураҳмон Бузмаков, сардори Идораи пулиси шаҳри Душанбе, дар як тамоси телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, гурӯҳи муштараки тафтишоти фаврӣ аз шумори кормандони ниҳодҳои амниятиву интизомии Тоҷикистон ҷиҳати таҳқиқи ин қазия ташкил шуда ва тамоми фарзияву гумонҳоро мӯшикофона баррасӣ хоҳад кард.

Вай афзуд, роҳбарии ин гурӯҳ бар дӯши Ҷамшед Сангов, сардори Раёсати тафтишоти ҷиноятҳои сангини Додситонии кулли Тоҷикистон, вогузор шудааст. Аммо Ҷамшед Сангов, сардори раёсати тафтишти ҷиноятҳои сангини Додситонии кулли Тоҷикистон, аз сӯҳбат худдорӣ кард ва гуфт, дар ҳоли ҳозир кадом фарзияеро дар робита ба ин куштор аз ҷумла сиёсӣ, корӣ ва ё тиҷоратӣ тасдиқ карда наметавонад: "Ҳоло чизе муайян нашудааст. Танҳо ҷасадро бо захмҳои силоҳи оташфишон пайдо кардаем. Тафтишот идома дорад."

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:18 0:00
Линки мустақим


Ҷумъа
Ҷумъа
Барои дарёфти маълумоти бештар мо ба маҳалли вуқӯи ин ҳодиса рафта ва бо ҳамсояҳои нафари мақтул сӯҳбат кардем. Ҷумъа, як сокини хиёбони Сино ва аз ҳамсояҳои Холмӯъмин Сафаров гуфт, ин ҳодиса тахминан баъд аз адои намози хуфтан, ки Сафаров дар масҷиди маҳалла мегузорид, дар соатҳои то нӯҳуними шом рух додааст. Ӯ афзуд, “омадам, дар аввал рости гап нашинохтам. Чароғи дастиро рӯшан карда, як ҳамсояи дигарамон омад ва дар рӯшноии чароғ шинохту гуфт, ки охир ин одам ҳамсояи худамон. Дигар даводав кардему аъзои хонаводаашро бохабар намудем.”

Ин ҳамсояи Сафаров ӯро як нафари хоксору фурӯтан ва фарзандонашро низ орому батамкин хонда изофа кард, ки бо ҳеҷ яке аз ҳамсояҳо кадом хусумат надошт ва дар тафовут бо бақия бастагони раисиҷумҳури Тоҷикистон ба мисли додарарӯсу домод ва писару бархе аз духтаронаш як шахси нонамоён ба шумор мерафт. Аз ин ҷост, ки бархе аз коршиносон мегӯянд, имкон дорад, куштори ӯ як тасодуф ва ё амали авбошӣ бошад.

Холмӯъмин Сафаров дар Данғара ба хок супурда шуд

Зафар Абдуллоев
Зафар Абдуллоев
Аммо Зафар Абдуллоев, раҳбари Маркази мутолеоти сиёсии мавсум ба "Контент" дар Душанбе мегӯяд, ин куштор як амали террористӣ буда, ҳадафаш ҳам ҳушдору паём ба ҳукумати Тоҷикистон аст: "Ба фикри ман, ин ҳодиса як навъ огоҳӣ барои ҳукумат ва барои худи роҳбари давлат аст. Фикр мекунам, ин амали террористист. Он метавонад кори дасти хадамоти махсуси кишварҳои абарқудрат ва ё ҳамсоя бошад ва ё кори дасти гурӯҳҳои диние, ки аз сиёсати давлат дар соҳаи дин розӣ нестанд ва бо ин кор онҳо пурқувват шудани худро нишон медиҳанд. Ба ҳар сурат, мо вориди як марҳилаи ноустувор ва ноором мешавем, ки он ба мушкилоти интихоботи ояндаи президентӣ дар Тоҷикистон алоқаманд аст."

Ҳодисаи куштори шавҳари хоҳари раисиҷумҳури Тоҷикистон дар Душанбе дар ҳоле сурат мегирад, ки масъулони идораҳои интизомии ин кишвар аз афзоиши ҷинояткорӣ дар ин авохир сӯҳбат мекарданд. Дар моҳи гузашта Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон, зимни дидор бо донишҷӯён аз онҳо хост, то назму тартиботро риоят кунанд. Ин вазорат барои ҷилавгирӣ аз ҳама гуна мавориди ноамнкунанда ва ҷиноят телефони боварӣ ё иртиботи мустақим бо шаҳрвандонро низ барои 24 соат фаъол кардааст.

Ҷое, ки Холмӯъмин Сафаровро паррондаанд
Ҷое, ки Холмӯъмин Сафаровро паррондаанд
Бар асоси маълумоти дарёфтӣ Холмӯъмин Сафарови 57-и сола зодаи ноҳияи Восеи вилояти Хатлон ва язна ё шавҳари хоҳари раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, аст. Ӯ хатмкардаи факултаи биологияи Донишгоҳи миллӣ буда, чанд сол масъулияти сарраёсати Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва то таъйин шуданаш ба ин мақом сарварии корхонаи коркардаи пунба (пахта) дар ноҳияи Данғараро бар дӯш доштааст. Хонадони раисиҷумҳур ё дафтари матбуоти ӯ то ин лаҳза дар бораи ҳодисаи қатл изҳороте пахш накардаанд.
XS
SM
MD
LG