Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурӯҳи аввали олимпичиёни тоҷик ба Лондон рафт


Шаҳри Лондон мизбони Бозиҳои ХХХ тобистонаи олимпӣ мебошад.
Шаҳри Лондон мизбони Бозиҳои ХХХ тобистонаи олимпӣ мебошад.

Аввалин гурӯҳи варзишгарони тоҷик имрӯз, 4-уми июл, ба Лондон - макони баргузории Бозиҳои XXX тобистонаи олимпӣ сафар кард.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Муҳаммадшоҳ Абдуллоев, сардори шӯъбаи равобити хориҷии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, хабар дод. Вай афзуд, “ ба ҳайати гурӯҳ се муштзан – Анвар Юнусов, Собирҷон Назаров ва Мавзуна Чориева, ки соҳибони роҳхатҳо ба Олимпиадаи Лондон-2012 мебошанд, инчунин, мураббиёнашон Мирзо Шамсиев ва Алиҷон Бобоҷонов дохиланд. Дар мувофиқа бо Федератсияи байналмилалии бокси ҳаваскорӣ муштзанҳои тоҷик дар Лондон таҳти назорати коршиносони байналмилалӣ тамрин карда, ба мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои олимпӣ омодагӣ мегиранд. Муштзани дигари тоҷик Ҷаҳон Қурбонов, ки ба Олимпиадаи Лондон роҳхат гирифтааст, алъон бо мураббиаш дар шаҳри Хуҷанд тамрин мекунад.”

Ҷаноби Абдуллоев афзуд, намояндагони дигари Тоҷикистон, ки ба ҳайати варзишии кишвар шомиланд, дар се навбат - рӯзҳои 18-уми июл, 25-уми июл ва 3-юми август озими Лондон хоҳанд шуд. Умуман, ба ҳайати варзишӣ ҳамагӣ 32 нафар дохиланд, ки 15 нафарашон варзишгар мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки то имрӯз 15 варзишгари тоҷик дар 6 риштаи варзиш ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Лондон мушарраф шудаанд: чор нафар аз риштаи бокс - Анвар Юнусов, Ҷаҳон Қурбонов, Собирҷон Назаров ва Мавзуна Чориева, чор нафар аз намуди гуштии озод - Юсуф Абдусаломов, Искандари Рустам, Зелимхон Юсуфов ва Николай Ноев, 2 нафар оид ба варзиши сабук – гурзандоз Дилшод Назаров ва даванда Владислава Овчаренко, 2 нафар оид ба дзюдо - Расул Боқиев ва Парвиз Собиров, 2 нафар оид ба таэквон-до WTF - Алишер Гулов ва Фарҳод Неъматов, 1 нафар оид ба шиноварӣ - Катерина Измайлова (50 метр бо тарзи озод).

Аз инҳо 6 нафар - Юсуф Абдусаломов, Расул Боқиев , Анвар Юнусов, Ҷаҳон Қурбонов, Дилшод Назаров ва Катерина Измайлова дар Олимпиадаи пешин дар Пекин иштирок карда буданд. Абдусаломов бо медали нуқра ва Боқиев бо медали биринҷӣ сарфароз гаштаанд.
XS
SM
MD
LG