Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Масъулони соҳаи варзиш бояд истеъфо диҳанд"


Коршиносони риштаи варзиш натиҷаи нишондодаи варзишгарони Тоҷикистон дар Олимпиадаи Лондонро ғайриқаноатбахш унвон карданд.

Профессор Абдураҳмон Маҳмадов, раиси Академияи олимпии Тоҷикистон, низ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, онҳое, ки ба варзиш сару кор доштанд, аз ӯҳдаи вазифаи худ баромада натавонистанд. Вай илова кард, "дар қувваозмоиҳое, ки Расул Боқиев дошт, тоҷикистониён ягон бархӯрд надоранд ва новобаста аз он ки ӯ медал наовард, ӯ барои мо қаҳрамон буд ва мемонад. Вале дигарон чӣ? Чаро Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи олимпӣ ва дигарон, ки барои омодагии варзишгарон ба Олимпиадаи Лондон мутасаддӣ буданд, фикр накарданд, ки мо аз Лондон чанд медал меорем, чӣ гуна медал меорем ва Тоҷикистонро ба ҷаҳониён чӣ гуна муаррифӣ мекунем.

Дар кишвари мо мутахассисон ҳастанд ва бояд ин нафароне, ки ба варзиш сару кор доштанд ва роҳбаладӣ доштанд бояд ҷавонмардона бигӯянд, ки ҷойи онҳоро каси дигар иваз кунад. Сикли олимпӣ ба охир расид ва дар тамоми кишварҳои ҷаҳон, на танҳо дар Тоҷикистон ҳамин тур аст, ки муваффақият ба даст овардӣ, коратро давом деҳ, муваффақ нашудӣ, ҷоятро холӣ намо. Инчунин мо бояд бештар ба тарбияи варзишгарони маҳаллӣ таваҷҷӯҳ намоем, вале онҳоеро агар даъват кунем, бояд натиҷаҳои баланд ба даст оранд.”


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:20:44 0:00
Линки мустақим


Ба назари Саидаҳмад Баҳриддинов, муовини раиси Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, барои натиҷаҳои нишондодаи варзишгарон дар баробари масъулини соҳа, сармураббиёни дастаҳои мунтахаби кишвар низ ҷавобгаранд. Ӯ мегӯяд, “мураббиёне ҳастанд, ки муддати 20 сол натиҷа надодаанд ва ҷояшонро ҳам холӣ намекунанд. Дар мо таҳлил нест. Бояд пас аз ҳар як Олимпиада натиҷаҳо баррасӣ ва хуб таҳлил шаванд. Барои омодагӣ ва ширкат дар Бозиҳои ояндаи олимпӣ нақшаҳо кашида шаванд. Ба фикри ман, бояд Кумитаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар алоҳидагӣ фаъолият намояд. Чандин маротиба иваз шудани сохтори идораи варзиш ба рушди минбаъдаи он таъсири манфӣ расонд. Ба назари ман, инчунин, ба ҷобаҷогузории кадрҳои соҳа бояд диққат дод. Марказҳои омодагии олимпӣ ва литсей-мактабҳои варзишии бачагони лаёқатмандро таъсис бояд кард.”

Ба андешаи ҳамсӯҳбати дигари мо Ибод Шарифӣ, коршиноси соҳа, барои омодагӣ ва ширкати муваффақонаи варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои олимпӣ бояд барномаи вижа барои чаҳор сол тарҳрезӣ ва аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ шавад. Ҷаноби Шарифӣ афзуд, “натиҷаи иштироки варзишгарони Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпии Лондон ғайриқаноатбахш меҳисобам. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ба варзиш дар кишвари мо аҳамияти ҷиддӣ дода намешавад. Маблағҳое, ки ба варзиш ҷудо карда мешавад, самарабахш истифода бурда намешавад. Мо бояд барои омодагии хуби варзишгарон ба Олимпиада базаҳои замонавии варзишӣ дошта бошем, ки варзишгарон дар онҳо дар тӯли моҳҳои зиёд тамрин кунанд.”

Исмат Абдуллоев, мураббии варзидаи тоҷик, ки устоди ҷаҳонпаҳлавон Саидмӯъмин Раҳимов мебошад, аз натоиҷи ба даст овардаи варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи Лондон изҳори ташвиш карда гуфт, “хайрият, ки як духтар кори сад мардро кард”. Вале ӯ иброз дошт, “барои ба камол расондани варзишгарони олидараҷа дар Тоҷикистон шароити зарурӣ нест. Бар замми ин, тез-тез иваз шудани сохтори идоракунии соҳа кори мо мутахассисонро душвор намуд. Хуб мебуд, ки кумитаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш аз нав эҳё мешуд”.

Ёдовар мешавем, Тоҷикистонро дар Олимпиадаи Лондон 16 варзишгар дар 7 ришта - бокс, варзиши сабук, гуштии озод, дзюдо, таэквондо, тирандозӣ ва шиноварӣ намояндагӣ карданд. Танҳо як нафар – муштзан Мавзуна Чориева дар сабқати бокси занона дар вазни то 60 кг соҳиби медали биринҷӣ шуд.

Понздаҳ варзишгари Тоҷикистон - тирандоз Сергей Бабиков, муштзанҳо Собирҷон Назаров, Ҷаҳон Қурбонов ва Анвар Юнусов, дзюдочиён Расул Боқиев ва Парвиз Собиров, шиновар Катерина Измайлова, гурзандоз Дилшод Назаров, даванда Владислава Овчаренко, таэквондочиён Фарҳод Неъматов ва Алишер Гулов, гуштигирони тарзи озод Николай Ноев, Юсуф Абдусаломов, Зелимхон Юсуфов ва Искандари Рустам аз медалҳои олимпӣ бенасиб монданд.

Ин дар ҳолест, ки варзишгарони Тоҷикистон дар Олимпиадаи Пекин ду медал ба даст оварда буданд. Юсуф Абдусаломов дар риштаи гуштии озод дар вазни то 74 кг барандаи медали нуқра ва Расул Боқиев оид ба дзюдо дар вазни то 73 кг соҳиби медали биринҷӣ шуданд. Ваде дар Лондон Расул барои ду пирӯзӣ дар ҷойи ҳафтум қарор гирифт. Юсуф бошад, дар нахустин қувваозмоияш шикаст хӯрд.

Сабаби нокомии олимпичиёни тоҷик чист?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:13 0:00
Линки мустақим


Дар Пекин Тоҷикистон бо 2 медал дар байни 88 кишваре, ки соҳибони медалҳои олимпӣ шуда буданд, дар ҳисоби умумидастаӣ ҷойи 65-ум ва дар ҳисоби умумии медалҳо мақоми 56-умро касб карда буд.

Вале мунтахаби Тоҷикистон дар Олимпиадаи Лондон бо 1 медал дар байни 85 кишвар ҳамроҳи Афғонистон, Арабистони Саудӣ, Баҳрайн, Кувайт, Марокаш ва Ҳонконг дар ҷойи 79-ум қарор гирифт.

Маликшо Неъматов
Маликшо Неъматов
Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва ҳамзамон ноиби аввали президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар, пеш аз сафари Лондон дар як нишасти матбуотӣ рӯзи 17-уми июли соли равон ба хабарнигорон гуфта буд, “мо бо ду медал дар қатори кишварҳои медалдор ҳастем ва аллакай ҳамон зинаи муҳимро гузаштаем. Ва имрӯз пурсиш аз масъулини варзиш ва варзишгарон аз ду медал ун тараф аст. Чунки агар намедоштем, мегуфтанд, ки медал гиред. Имрӯз, ки дорем, мегӯянд, ки дуто доред, дуторо ба инобат нагиред, яъне аз ду бештар. Барои ҳамин ман фикр мекунам, ки ин як масъулияти хеле бузург аст.”

Ба иттилои масъулини Кумитаи миллии олимпии кишвар ҳайати варзишии Тоҷикистон, ки шаби 12-уми август дар маросими пӯшидашавии Бозиҳои XXX тобистонаи олимпӣ дар Лондон ширкат дошт, тавассути ҳавопаймо бо хатсайри Лондон-Киев-Душанбе соати 1-и шаби 16-уми август ба ватан бармегардад.



Натиҷаи Бозиҳои сиюми тобистонаи олимпӣ дар Лондон

Бозиҳои XXX тобистонаи олимпӣ дар Лондон шаби якшанбе, 12-уми август ба анҷом расиданд. Аз рӯи натиҷагирии Бозиҳо варзишгарони 85 кишвар барандагони медалҳои олимпӣ гардиданд. Дар ҳисоби умумидастаӣ Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо касби 104 медал – 46 тилло, 29 нуқра ва 29 биринҷӣ дар ҷойи аввал қарор гирифт.

Чиноиҳо бо касби 87 медал - 38 тилло, 27 нуқра ва 22 биринҷӣ мақоми дувумро касб карданд. Мизбонон – варзишгарони Бритониёи Кабир бо касби 65 медал – 29 тилло, 17 нуқра ва 19 биринҷӣ ҷойи севумро соҳиб шуданд. Русия, ки ҳамагӣ 82 медал - 24 тилло, 25 нуқра ва 33 нишони биринҷӣ гирифт, чаҳорум шуд.

Дар байни даҳ дастаи беҳтарин, инчунин, Кореяи Ҷанубӣ (13+8+7), Олмон (11+19+14), Фаронса (11+11+12), Италия (8+9+11), Маҷористон (8+4+5) ва Австралия (7+16+12) ҷойгир шуданд.

Умуман, варзишгарони 54 кишвар ба унвони қаҳрамони Олимпиадаи Лондон мушарраф гаштанд. ИМА 46 медали тилло, Чин 38, Бритониёи Кабир 29, Русия 24, Кореяи Ҷанубӣ 13, Олмон ва Фаронса 11-тоӣ, Италия ва Маҷористон 8-тоӣ, Австралия, Ҷопон ва Қазоқистон 7-тоӣ, Нидерланд ва Украина 6-тоӣ, Куба ва Зеландияи Нав 5-тоӣ, Эрон, Ямайка, Ҷумҳурии Чех ва Кореяи Шимолӣ 4-тоӣ, Испания, Бразилия, Беларус, Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ, Эфиопия ва Хорватия 3-тоӣ нишони тилло, Руминия, Кения, Дания, Озарбойҷон, Лаҳистон, Туркия, Швейтсария, Литва ва Норвегия ҳар кадом 2 медали тилло, Канада, Шветсия, Колумбия, Гурҷистон, Мексика, Ирландия, Аргентина, Словения, Сербия, Тунис, Ҷумҳурии Доминикан, Тринидад ва Тобаго, Узбакистон, Латвия, Алҷазоир, Баҳамас, Гренада, Уганда ва Венесуэла яктоӣ медали тилло ба даст оварданд.

Аз рӯи шумораи умумии медалҳо ИМА бо 104 медал дар ҷойи аввал, Чин бо 87 медал дар ҷойи дувум ва Русия бо 82 медал дар ҷойи севум қарор гирифтанд. Бритониёи Кабир 65 медал, Олмон 44, Ҷопон 38, Австралия 35, Фаронса 34, Кореяи Ҷанубӣ ва Италия 28-тоӣ медал гирифтанд.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар қиёс бо Олимпиадаи соли 2008-ум дар Пекин шумораи медалҳои тиллояшро 10-то зиёд кард, вале теъдоди умумии медалҳояш 6-то кам шуд. Дар Олимпиадаи Пекин ИМА 36 медали тилло, 38 нуқра ва 36 нишони биринҷӣ ба даст оварда буд. Инчунин амрикоиҳо дар ҳисоби умумидастаӣ аз рӯи шумораи медалҳои тилло ин дафъа аз ҷойи дувум ба ҷойи аввал баромаданд. ИМА аз рӯи шумораи умумии медалҳо мавқеи пешсафиашро нигоҳ дошт.

Натоиҷи ба даст овардаи Чин дар Олимпиадаи Пекин-2008 чунин буд: ҷойи аввал бо 100 медал – 51 тилло, 21 нуқра ва 28 биринҷӣ, ҷойи дувум аз рӯи шумораи умумии медалҳо.

Русия дар Олимпиадаи Пекин бо касби 72 медал – 23 тилло, 21 нуқра ва 28 биринҷӣ дар ҳисоби умумидастаӣ ҳам аз ҷиҳати шумораи медалҳои тилло ва ҳам аз ҷиҳати шумораи умумии медалҳо севум буд. Русиягиҳо дар Олимпиадаи Лондон як зина поин шуданд, вале онҳо нисбат ба Олимпиадаи Пекин 1 медали тилло ва 5 медали биринҷӣ зиёдтар гирифтанд. Инчунин шумораи умумии медалҳояшон 10-то зиёд шуд. Вале дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Русия як зина поин фуромад.

Бритониёи Кабир, ки дар Олимпиадаи Пекин бо 47 медал – 19 тилло, 13 нуқра ва 15 биринҷӣ чаҳорум буд, ин дафъа 10 медали тилло зиёд гирифт ва дар ҳисоби умумидастаӣ як зина боло – ба ҷойи севум баромад.

Дар байни кишварҳои собиқи шӯравӣ Русия бо 24 медали тилло, 25 нуқра ва 33 биринҷӣ дар ҷойи аввал аст. Қазоқистон бо 7 медали тилло, 1 медали нуқра ва 5 биринҷӣ дар мақоми дувум мебошад. Украина бо 6 медали тилло, 5 нуқра ва 9 биринҷӣ дар ҷойи севум қарор гирифт. Беларус 3 медали тилло, 5 нуқра ва 5 нишони биринҷӣ, Озарбойҷон 2 медали тилло, 2 нуқра ва 6 биринҷӣ, Литва 2 нишони тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ, Гурҷистон 1 медали тилло, 3 нуқра ва 3 биринҷӣ, Узбакистон 1 медали тилло ва 3 биринҷӣ, Латвия 1 нишони тилло ва 1 биринҷӣ, Арманистон 1 нуқра ва 2 биринҷӣ, Эстония 1 медали нуқра ва 1 биринҷӣ, Молдова 2 медали биринҷӣ ва Тоҷикистон 1 медали биринҷӣ гирифтаанд.

Вале варзишгарони ду кишвар – Қирғизистон ва Туркманистон дар Олимпиадаи Лондон соҳиби медал нашуданд. Бояд гуфт, ки Туркманистон дар Олимпиадаи Пекин низ медал ба даст наоварда буд. Ин дафъа дар ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Туркманистон 10 нафар (аз онҳо се зан) дар 5 ришта – бокс, вазнабардорӣ, варзиши сабук, дзюдо ва шиноварӣ ширкат доштанд.

Қирғизистонро 14 нафар (се нафарашон зан) дар 9 ришта - бокс, вазнабардорӣ, варзиши сабук, гуштии озод, гуштии юнониву румӣ, дзюдо, таэквондо, тирандозӣ ва шиноварӣ намояндагӣ карданд. Вале ин дафъа қирғизҳо аз Лондон бе медал баргаштанд. Дар Олимпиадаи Пекин бошад, олимпичиёни Қирғизистон 1 медали нуқра ва 1 медали биринҷӣ гирифта буданд.

Коршиносони соҳаи варзиш иллати нокомии варзишгарони қирғизро дар Олимпиадаи Лондон ба нооромиҳои сиёсии чанд соли охир дар Қирғизистон рабт медиҳанд, ки боиси ба таври нокифоя омодагӣ дидани варзишгарони ин кишвар ба Бозиҳои XXX тобистонаи олимпӣ гардидааст.

Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ дастаи мунтахаби олимпии Қазоқистон ба натиҷаҳои беҳтарин ноил шуд. Варзишгарони қазоқ дар Олимпиадаи Лондон 7 медали тилло гирифтанд, ки ин нисбат ба Олимпиадаи Пекин 5-то зиёд аст. Дар Лондон 115 варзишгари Қазоқистон (аз онҳо 41 нафарашон занон) ҳунарнамоӣ карданд. Дар ҳисоби умумидастаӣ Қазоқистон 17 зина боло шуд ва дар ҷойи 12-ум қарор гирифт.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Узбакистон 53 варзишгар, аз он ҷумла 13 зан шомил буданд ва онҳо дар 15 риштаи варзиш рақобат карданд. Вале варзишгарони Узбакистон ин дафъа нисбат ба Олимпиадаи Пекин 2 медал камтар гирифтанд ва аз ҷойи 40-ум ба ҷойи 47-ум фуромаданд. Дар Олимпиадаи Пекин мунтахаби Узбакистон соҳиби 1 медали тилло, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ шуда буд.

Эрон бо 12 медал - 4 нишони тилло, 5 нуқра ва 3 биринҷӣ ҷойи 17-умро касб кард. Дар Олимпиадаи соли 2008-ум Эрон бо 1 медали тилло ва 1 медали биринҷӣ дар зинаи 49-ум қарор дошт. Афғонистон ба мисли Олимпиадаи Пекин дар Лондон 1 медали биринҷӣ ба даст овард ва ин дафъа дар ҳисоби умумидастаӣ се зина боло шуд ва дар ҷойи 79-ум қарор гирифт.
XS
SM
MD
LG