Додгоҳи Қӯрғонтеппа фаъолияти созмони байналмилалии "Милленниум" дар Тоҷикистонро мамнӯъ эълон карда, гуфт, чаҳор корманди хориҷии он "депортатсия" хоҳанд шуд. Додгоҳ ин ҳукмро пас аз даъвои вазорати адлияи Тоҷикистон, ки дар соли 2007-ум созмони "Милленниум"-ро сабтином карда, барои фаъолияташ иҷоза додааст, содир намуд. Сабаби аслии манъи фаъолияти ин созмони хориҷӣ дар Тоҷикистон ташвиқоти масеҳият унвон мешавад, ки анҷоми ин кор аз ҷониби созмони иҷтимоӣ ва он ҳам хориҷӣ, хилофи қонунҳои ҷории ин кишвар мебошад.
Қурбоналӣ Бобоев, намоянда аз ҷониби даъвогари мурофиаи додгоҳӣ, гуфт, масъулони созмони "Милленниум" дар хонаи яке аз аъзои он мавлуди Исои Масеҳро таҷлил намуда, масеҳиятро тарғиб мекардаанд, ки дар натиҷа ду ҷавони мусалмон аз Ислом рӯй гардонда, ба дини масеҳӣ рӯ овардаанд.
Аммо масъулони созмони "Милленниум" мегӯянд, дар фаъолияташон ягон амали ғайриқонуниро намебинанд ва даъвои вазорати адлия, аз нигоҳи онҳо, беасос аст. Ҷонатан Вилбур, мудири кулли дафтари созмони байналмилалии "Милленниум" дар Тоҷикистон, гуфт, ҳадафи аслии фаъолиятҳои созмони зери раҳбарияш кӯмак ба оилаҳои нодору ниёзманд, ташкили давраҳои омӯзишии забони англисӣ, хайётӣ (дӯзандагӣ) ва компютер барои хоҳишмандон, ҳамчунин мусоидат ба рушди соҳаи варзиш аст.
Вилбур афзуд, "вақте бо даъвои вазорати адлия шинос шудем, дар ҳайрат мондем. Ин иддаоҳо бебунёданд. Созмони мо бо лоиҳаҳои гуногуни таълимӣ кор мекунад, ҳадафаш мусоидат дар коҳиши сатҳи бекорӣ, забономӯзӣ ва коҳиши сатҳи камбизоатист. Дар созмони мо тоҷикону узбакҳои муқимӣ кор мекунанд, ҳамаашон мусалмонанд, пайравӣ аз дини ислом мекунанд. Намефаҳмам, андешаи гӯё ба таблиғи масеҳият машғул шудани созмони “Милленниум” аз куҷо сар задааст."
Ин ҳамсӯҳбати мо илова кард, вакилони мудофеи созмони "Милленниум" ҳанӯз нусхаи ҳукми додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппаро дастрас накарданд ва имкон дорад, пас аз омӯзиши ҳукм, онҳо ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят баранд. Намояндагони додгоҳ, вазорати адлия ва додситонӣ, бо таъкид ба он ки ҳукми додгоҳ ҳанӯз нерӯи қонунӣ нагирифтааст, аз шарҳи қазияи мазкур худдорӣ карданд.
Аммо Ясриби Карим, таҳлилгари маҳаллӣ, бар ин назар аст, ки манъи фаъолияти ҳама гуна созмонҳои иҷтимоии маҳаллию байналмилалӣ бар суд (манфиат)-и ҷомеаи мардумсолорӣ нест ва ба имиҷи давлат метавонад таъсири манфӣ расонад. Ӯ гуфт, "одамон дар Тоҷикистон ҳуқуқ ба озодии эътиқод доранд ва метавонанд аз дилхоҳ дину мазҳаб пайравӣ кунанд. Албатта, созмони хориҷие ҳаққи таблиғу таҳмили дини барои аксари ҷомеаи кишвар бегонаро надоранд, аммо аз сӯи дигар, "Милленниум" ба даҳҳо ва шояд садҳо кӯдаку наврас ва ҷавони тоҷикистонӣ имконияти аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва омӯзиши компютеру ҳунарҳои дигарро фароҳам овардааст. Дар таъмири толорҳои варзишӣ, мактабҳо саҳм дорад ва давлат набояд ин ҳамаро низ нодида гирад."
Дар сурати мавриди иҷро қарор гирифтани ҳукми додгоҳи Қӯрғонтеппа, камаш 25 корманди созмони байналмилалии "Милленниум" аз ҷои кори доимӣ маҳрум монда, чаҳор корманди хориҷиаш ба кишварҳои худашон истирдод хоҳанд шуд. Дафтари марказии созмони байналмилалии "Милленниум" дар шаҳри Қӯрғонтеппа қарор дошта, он ҳамчунин дар шаҳрҳои Душанбе ва Истаравшан намояндагиҳо дорад.
"Таълим, таҷриба, тараққиёт" - шиори созмони "Милленниум" будааст. Масъулони ин созмон мегӯянд, бо қатъи фаъолияти ин созмон, даҳҳо нафари маъюб дар Тоҷикистон аз дарёфти кӯмакҳои иҷтимоӣ маҳрум монда, тамоми лоиҳаҳои таъмиру бозсозии муассисаҳои таълимию толорҳои варзишӣ, ки то ин замон дар вилояти Хатлон бо сарфи маблағҳои ҳангуфт амалӣ мешуданд, лағв гардиданд.
Ин барои бори аввал нест, ки бархе аз созмонҳои байналмилалии хайриявӣ дар Тоҷикистон барои таблиғи масеҳият баста мешаванд. Дар солҳои пеш вазорати адлия фаъолияти созмони хайриявии олмонӣ - “Ора Интернешнл” ва созмони “Алянс Мишн”-ро барои таблиғоти мазҳаби масеҳият қатъ карда, баъд аз баҳси тӯлонии додгоҳӣ фаъолияти аввалиро дубора қонунӣ дониста буд.