Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо Кэтрин Эштон-раиси сисёати хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо дар шаҳри Душанбе гуфт, Тоҷикистону Аврупо бояд ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии худро густариш диҳанд.
Ба гуфтаи раиси ҷумҳур, Тоҷикистон Иттиҳодияи Аврупоро яке аз тарафҳои муҳими ҳамкори байналмиллалӣ медонад ва ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ бояд бештар густариш ёбад, зеро сатҳи кунунии ҳамкориҳо ҷавобгӯи имконоти мавҷуда нест.
Хонум Эштон дар поёни мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон ба рӯзноманигорон изҳор дошт, ки Иттиҳодияи Аврупо барои бахши кишоварзии Тоҷикистон 16 миллион евро маблағ ҷудо кардааст ва ин пулҳо барои таҷдиди таҷҳизоти кишварзӣ сарф хоҳанд шуд.
Дар давоми 20 соли ахир кӯмакҳои Иттиҳодияи Аврупо ба Тоҷикистон 600 миллион евроро ташкил додааст.
Имрӯз боздиди Эштон аз Қазоқистон оғоз мешавад ва вай бо Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳур ва Ерланом Идрисов-вазири корҳои хориҷа мулоқот мекунад.