Дар расми муаррифии муҷмаъи «Диёри Душанбе» Муродалӣ Алимардон, муовини сарвазир, Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири хориҷии Тоҷикистон, Давлаталӣ Саидов, раиси кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ ва намояндагони матбуот ширкат доштанд.
Гуфта мешавад, ки биноҳои ин муҷтамаъ ба заминҷумбӣ тобовар буда, аз сохтори пешрафтаи ҷилавгирӣ аз оташсӯзӣ, низоми амният, тарзи ҷамъоварии муосири партовҳо ва обтозакунӣ, кӯдакистон мағозаҳо ва бо майдони рақси рӯи ях бархурдор аст. Дар баёнияе, ки ин ширкати қатарӣ паҳн кардааст, гуфта мешавад, ки «лоиҳаи мазкур барои соҳиби моликият шудан ба шаҳрвандони ҳориҷӣ дар Тоҷикистон шароит фароҳам меорад”.
Ин дар ҳолест, ки қонунҳои Тоҷикистон доштани амволи ғайриманқулро барои шаҳрвандони хориҷӣ мамнуъ кардааст ва ширкати Қатарӣ танҳо дар ҳоле метавонад ба хориҷиҳо хона бифурӯшад, ки агар мақомот ба таври истисно ба ширкат ин иҷозатро дода бошад.
Дар гузашта низ як мавриди доштани замину манзили шахсии шаҳрванди Русия дар Тоҷикистон руи об баромада буд. Тобистони соли гузашта матбуоти Русия навишта буд, ки Рамазон Абдулатипов, собиқ сафри Русия дар Тоҷикистон дар ин кишвар 3127 метри мураббаъ замин ва 122, 20 метри мураббаъ манзили зист доштааст.
Намояндагони ширкати Қатарӣ аз посух ба саволҳои хабарнигорон дар мавриди ҳазинаи ин тарҳ ва қиммати манзилҳо худдорӣ карданд ва гуфтанд, ки ин маълумот фардо дар нишасти матбуотӣ ошкор хоҳад шуд.
Аммо як масъули ширкати Diar Real Estate Investment, ки нахост номаш бурда шавад ба Озодӣ гуфт, ки нархи ҳар манзил дар "Диёри Душанбе" миёни муштарӣ ва ширкат ба таври инфиродӣ мушаххас мешавад. Ба гуфтаи ин манбаъ арзонтарин нарх барои ҳар метри мукааби манзил дар ин муҷтамаъ аз 2 ҳазор доллари амрикоӣ шурӯъ мешавад. Кулли дохили манзилҳои "Диёри Душанбе" аз ҷониби ширкат таъмиру пардоз мешаванд ва муштариён танҳо мебел ё ҷиҳози хонаро харидорӣ мекунанд. Аз ин рӯ, ба гуфтаи масъули ширкати қатарӣ, нархи манзилҳо дар ин ҷо ба фарқ аз хонаҳои навсохти ширкатҳои дигар дар Душанбе каме гаронтар аст.
Аммо бархе аз коршиносон мегӯянд, нархи манзилҳои муҷтамаъи "Диёри Душанбе" ва дигар манзилҳои навсохт дар пойтахт ба мардуми оддӣ дастрас нест. Барои мисол, маоши миёнаи як коргар дар Тоҷкистон ҳоло 621 сомонӣ аст, вале арзонтарин манзили якҳуҷрагии иҷтимоӣ, ки Ҳукумати Душанбе нияти сохатни онро дорад 18 ҳазор доллар нарх дорад. Бо чунин маоши ночиз, як шаҳрванди Тоҷикистон бояд 12 сол бидуни таваққуф кор кунад, кулли маошашро пасандоз кунад, то соҳиби хонаи якҳуҷрагӣ шавад.
Баҳром Шарипов- иқтисодони тоҷик мегӯяд, дар Тоҷикистон тадриҷан як синфи миёнае ба вуҷуд меояд, ки имкони харидории чунин манзилро дорад: “вақте чунин манзилҳо сохта мешаванд, ҳатман он харидор дорад. Чунки пеш аз сохтмон сармоягузорон ҳатман имкони харидории бозори Тоҷикистонро ба назар мегиранд. Масалан дар Тоҷикистон тоҷирон, бархе соҳибкорон имконияти харидории чунин манзилҳоро доранд. Ҳамчунин вақтҳои охир мушоҳида мешавад, ки тоҷикони муваффақи хориҷ ҳам барои харидории чунин манзилҳо таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд”.
Масоҳати умумии муҷтамаъи "Диёри Душанбе" 68 ҳазор метри мураббаъ буда, дар ҳоли ҳозир, 30 дарсади марҳилаи аввали сохтмон дар ин тарҳи иборат аз 67 манзил, бо шумули бинои маъмурӣ ва майдони марказӣ ба анҷом расидааст. Аммо бо ин вуҷуд, ба гуфтаи манбаи мо да бахши Маркетинги Диёри Душанбе, 50 дар сади хонаҳои нимсохт низ харидорӣ шудаанд.
Моҳи августи соли 2011 Qatari Diar ва ҳуқумати Тоҷикистон тафоҳумномаеро имзо намуданд, ки ба иҷрои ин лоиҳа оғоз гузошт.