Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талаби ҳукми абад барои қотили сардори маҳбаси Кӯлоб


Додситонии Кӯлоб барои қотили сардори маҳбаси ин шаҳр, ки ба 30 соли зиндон маҳкум шуда буд, ҳукми абад дархост кардааст.

Намояндаи додситонии Кӯлоб дар мурофиаи парвандаи додгоҳи минтақавии Кӯлоб, Умед Тешаевро, ки дар куштори Умар Қаюмов, сардори маҳбасхонаи Кӯлоб муҷрим дониста шуда ба 30 соли зиндон маҳкум шуда буд, боз аз додгоҳ талаб кард, ки ӯро бо ҳукми абад маҳкум кунад/

Раҳмоналӣ Раҷабов, вакили мудофеи Умед Тешаев рӯзи 22 август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзи панҷшанбе мурофиаи парвандаи Умед Тешаев дар СИЗО-и маҳбаси Кӯлоб сурат гирифт ва пас аз баҳси тӯлонӣ, намояндаи додситони Кӯлоб аз додгоҳ тақозо кард, ки Умед Тешаевро ба ҳукми абад маҳкум кунад. Ин дар ҳолест, ки дар таърихи 9 апрели соли ҷорӣ додгоҳи шаҳри Кӯлоб Умед Тешаевро дар қатли раҳбари маҳбаси Кӯлоб гунаҳкор дониста, ба 30 соли зиндон маҳкум карда буд. Қаблан ӯ бо ҷурми куштани як сокини Кӯлоб бо 54 зарби корд дар поёни моҳи августи соли гузашта, ба 17,5 соли зиндон маҳкум шуда буд.

Раҳмоналӣ Раҷабов, вакили мудофеи Умед Тешаев мегӯяд, ки додгоҳи Кӯлоб дар мавриди пешниҳоди додситонӣ оид ба маҳкум шудани Умед Тешавев ба ҳукми абад мурофиаи худро рузи 26 август баргузор хоҳад кард.

Умед Тешаев -- маҳбуси зиндони Кӯлоб зуҳри рӯзи якшанбеи 16-уми феврал сардори маҳбасхонаи (СИЗО) Кӯлоб полковники 65-сола Умар Қаюмовро ба ҳангоми тарошидани мӯи сараш, бо 18 зарби қайчӣ ба қатл расонида буд. Умар Қаюмов, хатмкардаи факулати забони русии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб буда ва мактаби олии ҳуқуқшиносии вазорати корҳои дохилии Узбакистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос дар соли 1988 хатм намуда ва беш аз 20 сол дар низоми маҳбасхонаҳо кор карда буд.

Тайи тақрибан 15 соли охир ӯ сардори маҳбасхонаи Кӯлоб буд. Полковник Умар Қаюмов, ки 65 сол дошт, мебоист ҳанӯз соли гузашта бознишаста мешуд, аммо бо дарназардошти хизматҳои шоистааш аз ӯ хостаанд, ба кораш идома диҳад.

XS
SM
MD
LG