Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиндагӣ дар гузаргоҳи селу ярч


Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, аксар вақт худи сокинони минтақаҳои “хатарнок” барои кӯч доданашон ба маҳалҳои бехавф розӣ намешаванд. Ба қавли онҳо, сокинон мехоҳанд, бештар дар хонаҳои гузаштагони худ бимонанд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд, ҳудуди 25 ҳазор шаҳрванди кишвар дар ростои таҳдиди тармаву селу ярч ва лағжиши замин умр ба сар мебаранд. Ин мардум асосан дар теппаҳо ва маҳаллаҳои наздик ба рӯдхонаҳо зиндагӣ доштаанд.

Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ё фавқулода рӯзи 15 январ дар шарҳи ин хатарҳо аз 1136 маҳаллаи барои зиндагӣ хавфнок ном бурд ва ин вазъиятро ба релефи ноҳамвори Тоҷикистон марбут донист. Мақомот мегӯянд, соли гузашта дар пайи 67 мавриди офатҳои табиӣ, бо шумули обхезӣ ва лағзиши теппа ва заминларза, ҳудудан 26 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Қиссаи “Нагорный”

Ҷамшед Камолов, масъули Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар сӯҳбат бо Радои Озодӣ гуфт, ниҳоди онҳо дар якҷоягӣ бо мутахассисони Саридораи геологӣ манотиқи хатарзоро ошкор карданд ва қарор аст бар пояи омӯзиши онҳо, ҳукумати кишвар барномаи муҳоҷирати экологиро ба роҳ монад. Ба унвони мисол, оқои Камолов аз маҳаллаи “Нагорный” ё Кӯҳдомани пойтахт ёдовар шуд, ки дар қисмати шарқии Душанбе ҷойгир аст ва аз маҳаллаҳои мардуми серфарзанди бебизоат унвон мешавад.

“Геологҳо мегӯянд дар маҳаллаи “Нагорный” талу теппаҳо тарқишҳои селгузар доранд, ҳаракати обу гилро ба ин маҳалла осон мекунанд. Имсол ҳукумати шаҳри Душанбе ҳама минтақаҳои хатарзоро бо шумораи аҳолияш дақиқ карда, барои пешгирии офатҳои табиӣ корҳои соҳилбандӣ гузарондааст”,-афзуд ӯ.

Сокинони “Нагорный”-ро ба куҷо мекӯчонанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:27 0:00

Маҳаллаи “Нагорный”, воқеъ дар қисмати шарқии Душанбе дар гузашта борҳо мавриди ҳуҷуми селу ярч қарор гирифт. Сокинони пойтахт сели шадиди солҳои 80-ро ёд доранд, ки кӯрпаву гилем ва ҳатто гаҳвораҳои мардуми ин маҳаллро то маркази шаҳр оварда буд. Бештари хонаҳои ин маҳал ҳанӯз дар замони Шӯравӣ сохта шуда, яке дар болои дигар ҷойгир аст.

“Ба ҳеҷ куҷо намеравам”

Масъулони ҳукумати Тоҷикистон мегӯянд, онҳо барои ба минтақаи амн кӯч додани мардуми ин маҳалла талош кардаанд, аммо ин худи мардум аст, ки монеи барномаи ҳукумат шудааст.

Юсуф Юсуфов, намояндаи ҳукумати Тоҷикистон, зимни нишасти хабарии Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ гуфт: “Як мафкураи хурофотии кӯҳна дорем, ки дар аксари мардум ҳаст. Одамон мегӯянд ин хона хонаи бобоиямон аст, ё аз падармон мерос мондааст ва аз ин ҷо ба ҳеҷ куҷо намеравем. Дар лаби ҷар зиндагӣ кардан мегиранд. Кормандони ситоди мо мераванд мефаҳмонанд. Протокол тартиб медиҳанд, аммо мегӯянд бобои ман дар ҳамин ҷо мурдааст, ман ба ҳеч куҷо намеравам. Ин чиз кори ситодҳоро мушкил мегардонад.”

Ду наҳр, яке “Ҳазора” ва дигар”Селпартои Анзоб”, ки аз маҳаллаи “Нагорный” мегузаранд, дар фасли баҳор лабрез мешаванд ва ба хонаҳои мардум мерезанд. Аз ҳама бештар хонаводаҳое осеб мебинанд, ки дар соҳили ин ду рӯдхона манзил доранд. Ҳарчанд селхезиҳои солҳои ахир талафоти ҷонӣ надоранд, аммо харобиҳоеро дар манзили мардум ба бор овардаанд.

“Ҷои бобоиро монда, ба куҷо равем?”
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:33 0:00

Тарс аз сел

Ҳурбӣ Раҳмонова, сокини 56-солаи Кӯҳдоман, мегӯяд, бо он ки хатарзо будани ин маҳалларо эътироф мекунад, вале мутмаин аст, сел ба хонаи ӯ таҳдид намекунад. “Дар баҳор баъзе хонаҳои поён зарар мебинанду аз мо не. Пештар хонаҳоро об мезад. Деворҳо чаппа мешуданд. Борҳо моро аз даруни об бо банд кашида бароварданд. Лекин 6 соли охир зиёд зарар надидаем”,-мегӯяд ӯ.

Аммо бархе дигар аз сокини маҳаллаи Кӯҳдоман мегӯянд, онҳо дар баҳор, ба хусус дар рӯзҳои боронӣ аз хавфи сел бачаҳои худро берун рафтан намемонанд. “Чун оби канал зиёд мешавад. Ба хонаҳо ҳам надарояд, ба ҳавлӣ медарояд. Агар ба бачаҳо аҳамият надиҳем, эҳтимол оби канал онҳоро бурда, талафоти ҷонӣ шавад”,-гуфт Файзалӣ Сикандар, сокини дигари Кӯҳдоман.

Сокинони ин маҳал дар бораи пешниҳоди кӯч бастан ба маконҳои амнтар хабар надоранд. “Ҳеч кас ба мо чизе нагуфтааст, ки Шуморо ба ҷойи дигар мекӯчонем”,-мегӯяд Азизамоҳ Ҷабборова, сокини маҳаллаи Саҳбо ва меафзояд соли гузашта, баъд аз он ки сел хонаашро хароб кард, мақомот ба ӯ 200 сомонӣ кӯмакпулӣ додаанд. Ҳарчанд барномаи маҳаллаҳои Саҳбо ва Кӯҳдоман ҳанӯз дар солҳои Шӯравӣ матраҳ буд, вале то ҳол маълум нест, ки ҳукумати феълӣ онҳоро ба куҷо мебарад.

Ё маҳаллаи нав, ё хонаи нав

Қудратулло Файзуллоев, роҳбари Раёсати сохтмон ва шаҳрсозии Душанбе, рӯзи 16 январ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, “аз рӯи нақшаи генералии шаҳрдорӣ, мардуми “Нагорный” эҳтимол ба Ховарон бурда шаванд. Ё биноҳои баландошёна сохта, аз он ҷойҳо хона дода мешаванд.”

Маҳаллаи “Нагорный” ва “Қаротегин”, ки аз манотиқи сернуфус ва бебизоати канораҳои пойтахт унвон мешаванд, моҳи феврали соли 1990 ба муқобили ҳукумат қиём карданд ва сӯи раҳбари вақти Ҳизби коммунист Қаҳҳор Маҳкамов калӯш партофтанд. Хонаводаҳои серфарзанди ин маҳаллаҳоро, ки солҳо дар рӯйхати дастрасӣ ба хонаҳои иҷтимоӣ қарор доштанд, овозаи ба гурезаҳои арманӣ хона додани ҳукумат ба ҷӯш оварда буд.

XS
SM
MD
LG