Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштани бабри камёб дар Қирғизистон


Сокинони Қирғизистон аз қатли бабри барфӣ, ки ҳайвони нодири дар ҳоли нобудшавӣ қарор дораду ба Китоби сурхи бештаре аз кишварҳо ворид шудааст, хашмгин шудаанд.

Ин ҳайвон ҳамчунин аз сӯйи бунёде ҳимоят мешавад, ки онро ҳунарманди саршиноси ҳолливудӣ таъсис кардааст.

Шикорчии 48 соларо, ки бабрро куштааст, маъмурони милитсияи қирғиз аллакай боздошт карданд. Ҳангоми боздошт шикорчӣ бо худ пӯсти ин ҳайвони нодир бо сари ҷонвар ва милтиқи шикорӣ доштааст.

Шикорчӣ Каранаев мегӯяд, ки зимни сайди шабона бабрро бо гург иштибоҳ карда, онро ба қатл расонидааст. Аммо корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба суханони вай бовар надоранд ва мегӯянд, дар маҳалле, ки дар он ҷо шикорчӣ ҳайвони нодирро куштааст, гургҳо аслан нестанд.

ВКД Қирғизистон нисбати ин шикорчӣ барои сайди ғайриқонунӣ парвандаи ҷиноӣ боз кард. Агар додгоҳ ӯро айбдор эътироф кунад, ба вай ҷаримаи ним миллион сомӣ ($6500) ё ду соли зиндон таҳдид мекунад. Аммо корбарони интернет даъват мекунанд, ки барои шикори ғайриқонунӣ ҷазо сахттар карда шавад, зеро барои сайди ҳайвони нодир ду соли маҳрумият аз озодӣ кофӣ нест.

Тибқи ҳисобҳои мухталиф, дар Қирғизистон танҳо қариби 200 бабри барфӣ боқӣ мондаанд. Дар кишвар чанд тарҳи байналмиллалӣ барои ҳифзи ин ҷонвари нодир мавриди иҷро қарор гирифтаанд. Бархе аз онҳо аз сӯйи бунёди ҳунарманди саршиноси ҳолливудӣ Леонардо Ди Каприо сармоягузорӣ мешаванд.

XS
SM
MD
LG