Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи силсилаи Гран прии ҷудо, ки рӯзҳои 19-21 феврал дар шаҳри Дюсселдорфи Олмон баргузор шуд, боз ба нокомӣ дучор шуданд. Ин севумин мусобиқаи байналмилалӣ барои ҷудочиёни тоҷик дар мавсими имсола ба шумор мерафт. Мусобиқа миёни мардону занон дар 14 вазн (7 вазн байни мардон ва 7 вазн миёни занон) сурат гирифт.
Тоҷикистонро дар сабқати мардон чаҳор гуштигири маъруфи кишвар намояндагӣ карданд. Фарҳод Раҳимов дар вазни то 81 кило, ки ҳамагӣ 81 гуштигир буд, рӯзи 20-уми феврал вориди рақобат шуд. Ӯ дар даври аввал бар Гадиел Миранда аз Пуэрто Рико ғолиб омад, вале дар даври дувум аз Ки-Чун Ванг аз Кореяи Ҷанубӣ мағлуб гашт.
Се паҳлавони дигари тоҷик рӯзи якшанбеи 21 феврал рақобат карданд. Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кило (ҳамагӣ 41 гуштигир), ки дар даври аввал озод буд, дар даври дувум аз Маркус Найман аз Шветсия шикаст хӯрд.
Саидҷалол Саидов дар вазни то 100 кило (ҳамагӣ 41 гуштигир) дар нахустин қувваозмоияшбар Соиб Қурбонов аз Узбакистон пирӯз шуд, вале дар даври баъдӣ аз Ҷавод Маҳҷубии эронӣ мағлуб гашт.
Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар вазни беш аз 100 кило (ҳамагӣ 37 гуштигир) дар аввалин рақобати худ аз Ислом Ал-Шиҳабӣ аз Миср шикаст хӯрд.
Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ 541 варзишгар (335 мард ва 206 зан) аз 86 кишвари ҷаҳон ширкат дошт. Бояд гуфт, ки дар ин мусобиқа варзишгарони ҳамаи 15 кишвари собиқи шӯравӣ ҳам иштирок карданд. Ба ҷуз Тоҷикистон, дзюдочиёни Арманистон (2 марду 1 зан), Беларус (4+1), Гурҷистон (11мард), Қазоқистон (11+4), Қирғизистон (5 мард), Латвия (5 мард), Литва (5+2), Молдова (1+1), Озарбойҷон (12+1), Русия (7+7), Туркманистон (3 зан), Узбакистон (8 мард), Украина (5+3) ва Эстония (2 мард) дар Олмон ҷамъ омаданд. Гуштигирони Украина як медали тилло, Қазоқистон ду медали нуқра, Озарбойҷон як медали нуқра, Русия чаҳор медали биринҷӣ, Гурҷистон ду медали биринҷӣ ва Туркманистон як медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Дар ин мусобиқа варзишгарон, инчунин, барои Олимпиадаи соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия имтиёзҳои олимпӣ ба даст оварданд.
Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Ҷопон бо се медали тилло ва як медали нуқра мақоми аввалро касб кард. Мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо се медали тилло ва панҷ медали биринҷӣ дувум шуд. Мунтахаби Олмон бо як медали тилло, ду медали нуқра ва ду медали биринҷӣ дар ҷойгоҳи севум қарор гирифт.
Ёдовар мешавем, соли гузашта дар Гран прии ҷудо дар ОлмонТоҷикистонро ду гуштигир - Фарҳод Раҳимов ва Комроншоҳи Устопириён – намояндагӣ карда буданд, вале ҳарду паҳлавони тоҷик ноком шуданд. Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ порсол 542 варзишгар (323 мард ва 219 зан) аз 75 кишвари ҷаҳон ширкат дошт.