Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Усейн Болт қаҳрамони ҳафткаратаи олимпӣ шуд


Варзишгари ямайкагӣ Усэйн Болт дар Бозиҳои олимпии соли 2016-ум дар Рио-де-Жанейрои Бразилия қаҳрамони ҳафткаратаи олимпӣ гардид. Ӯ рӯзи 14 август дар давидан ба масофаи 100 метр бо натиҷаи 9,81 сония медали тилло ба даст овард.

Ҷойи дувумро амрикоӣ Ҷастин Гатлин (9,89) ва ҷойи севумро канадагӣ Андре де Грассе (9,91) гирифтанд.

Баъд аз натиҷагирии рӯзи нӯҳуми мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар ҳисоби умумидастаӣ мисли пешин дар садри феҳристи кишварҳои ҷоизадори олимпӣ мунтахаби ИМА бо 69 медал (26 медали тилло, 21 медали нуқра ва 22 медали биринҷӣ) қарор дорад. Британияи Кабир бо 37 медал (15 медали тилло, 15 нуқра ва 7 биринҷӣ) ба ҷои дувум баромад. Вале Чин бо 45 медал (15 медали тилло, 13 медали нуқра ва 17 медали биринҷӣ) ба ҷои севум фуромад.

Ба даҳгонаи беҳтарин, инчунин Русия (9-11-10), Олмон (8-5-4), Фаронса (7-8-7), Италия (7-8-6), Ҷопон (7-4-15), Австралия (6-8-9) ва Кореяи Ҷанубӣ (6-3-5) дохиланд.

Умуман, то ҳоло варзишгарони 69 кишвар медалҳои олимпии Рио-2016-ро ба даст овардаанд. Варзишгарони 48 кишвар барандагони медалҳои тиллои Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ шудаанд.

Аз миёни кишварҳои собиқи Шӯравӣ ба ҷуз Русия, боз нӯҳ кишвар - Қазоқистон (2 медали тилло, 2 нуқра ва 4 биринҷӣ – ҷойи 16-ум), Беларус (1 медали тилло, 2 медали нуқра ва 1 медали бириҷӣ – 29-ум), Узбакистон (1 медали тилло ва 4 медали биринҷӣ – ҷойи 39-ум), Украина (3 медали нуқра ва як биринҷӣ – ҷойи 49-ум), Озарбойҷон (2 медали нуқра – ҷойи 50-ум), Литва (1 медали нуқра ва 2 биринҷӣ – ҷойи 52-юм), Гурҷистон (1 медали нуқра ва 1 биринҷӣ – ҷойи 53-юм), Қирғизистон (1 медали биринҷӣ – ҷойи 65-ум) ва Эстония (1 медали биринҷӣ – ҷойи 65-ум)- ба гирифтани медалҳои олимпии Рио мушарраф гаштаанд.

Вале аз миёни кишварҳои собиқи Шӯравӣ дар Олимпиадаи Рио то ҳоло варзишгарони панҷ кишвар - Арманистон, Латвия, Молдова, Тоҷикистон ва Туркманистон - медал ба даст наовардаанд. Мунтахаби Узбакистон дар рӯзи нӯҳуми Бозиҳо соҳиби аввалин медали тилло гардид. Муштзан Ҳасанбой Дӯсматов дар сабқати бокс дар вазни то 49 кило ба унвони қаҳрамони олимпӣ мушарраф гашт.

Дар мусобиқоти вазнабардорӣ варзишгарони эронӣ Рустами Киёнуш (то 85 кг) ва Сӯҳроб Муродӣ (то 94 кг) барандагони медалҳои тиллои Олимпиадаи Рио шуданд.

Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия то рӯзи 21 август идома мекунанд.

Ёдовар мешавем, аз ҳафт варзишгаре, ки ба ҳайати мунтахаби олимпии Тоҷикистон дохиланд, панҷ нафар – Анвар Юнусов (бокс, вазни то 60 кг), Комроншоҳи Устопириён (ҷудо, вазни то 90 кг), Олим Қурбонов ва Анастасия Тюрина (ҳарду оид ба шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод) ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (ҷудо, вазни беш аз 100 кг) ба нокомӣ дучор шуда, аз медалҳои олимпӣ бенасиб монданд.

Боз ду нафари дигар аз Тоҷикистон - Кристина Пронженко (давидан ба масофаи 200 метр) рӯзи 15 август ва Дилшод Назаров (варзиши сабук, гурзандозӣ) рӯзҳои 17 ва 19 август дар мусобиқоти Олимпиадаи Рио ширкат хоҳанд кард.

Нарзуллоҳи Латиф,

Рио-де-Жанейро.

XS
SM
MD
LG