Дар маросими ҷанозаи Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Узбакистон, ҳайатҳои 17 кишвар, бо шумули сарвазирон ва президентҳо ширкат хоҳанд мекунанд. Президентҳои Тоҷикистон, Афғонистон Туркманистон ба ин маросим рафтаанд. Белорусия, Гурҷистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ва Русияроро дар ин маросим сарвазиронаш намояндагӣ хоҳанд кард. Раҳбрии ҳайати Русияро дар ин маросим сарвазир Дмитрий Медведев бар дӯш хоҳад дошт. Эҳтимол дорад, Владимр Путин низ дар ин маросим иштирок кунад.
Тавре расонаҳои Русия хабар доданд, ҳавопаймо бо ҷасади Ислом Каримов аз Тошканда ба Самарқанд, зодгоҳи ӯ парвоз кард. Дар бораи марги Ислом Каримови 78-сола шоми 2-уми сентябр хабар дода шуд. Дар ҳоле, ки хабари беморӣ ва маргаш як ҳафта пеш пайдо шуда буд. Сар аз 3-уми сентябр дар Узбакистон се рӯз мотами миллӣ эълон шудааст