Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба 50 довталаби таҳсил дар Арабистони Саудӣ маслиҳат додааст, ки ҳуҷҷатҳои худро барои қабул ба донишгоҳҳои кишвар супоранд. Ин гурҳи ҷавонон як сол қабл квота ё бурсияи таҳсил дар донишгоҳҳои Саудиро ба даст оварда, фақат мунтазири номаи Риёз барои сафар буданд.
Азим Холов, як сокини Душанбе, гуфт, ки бародараш ба умеди таҳсил дар Арабистони Саудӣ тақрибан як соли таҳсилро барбод дод. Ӯ рӯзи 21-уми июн гуфт, ҳоло масъулини Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маориф муваззаф шудаанд, ки масъалаи таҳсили довталабон дар кишварҳои дигарро баррасӣ кунанд.
“Фурсат доданд, ки довталабон ҳуҷҷатҳои худро ба Маркази миллии тестӣ супоранд. Ҳамчунин, вазири маориф ба роҳбари Маркази барномаҳои байналмилалӣ дастур дод, ки довталабонро аз ҳисоби бурсияи кишварҳои дигар барои таҳсил фиристанд”, - гуфт ӯ.
Довталабони тоҷики таҳсил дар Арабистони Саудӣ мегӯянд, бино ба дастури вазорат, онҳо ҳақ доранд, бо имтиҳони супурдаашон ба Русия, Украина ва ё Қазоқистон бираванд. Аз 50 довталаби таҳсил дар Саудӣ, 40 нафари онҳо дар риштаи бакалавр ва 10 нафар дар риштаи магистр бояд таҳсил мекарданд.
Масъулини сафорати Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, масъала дар ҳоли баррасӣ аст.
Донишомӯзони тоҷик дар ҳоле дар роҳи таҳсил ба Арабистони Саудӣ дармондаанд, ки қаблан Тоҷикистон садҳо шаҳрвандашро аз таълим дар ин кишвар бахусус дар мадориси динӣ ба ватан оварда буд.