Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Русия қарори "депорт"-и падари Сиёвушро содир кард


Сиёвуш Давронзода
Сиёвуш Давронзода

Мақомоти Русия Даврон Пиров – падари Сиёвуш Давронзода – яке аз се нафари муттаҳам ба бомбгузорӣ дар шаҳри Маскавро боздошт ва қарори ихроҷи ӯро содир кардаанд. Наздикони Даврон Пиров гуфтанд, ки ӯ феълан дар боздоштгоҳи муваққатии Хадамоти муҳоҷирати Русия нигоҳдорӣ мешавад ва бояд барояш билет пайдо кунанд.

Фирӯз Давронзода, писари Даврон Пиров, рӯзи 5-уми сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, падараш баъди як рӯзи боздошти Сиёвуш дастгир ва аз вилояти Владимирский ба шаҳри Маскав бурда шудааст. Фирӯз Давронзода мегӯяд, бо гузашти 22 рӯз аз боздошти бародараш то ҳол дар бораи ӯ ва вазъи саломаташ ягон иттилоъ надоранд. Танҳо ҳамин қадар шунидаанд, ки моҳи октябр бояд мурофиаи додгоҳии онҳо баргузор шавад.

Наздикони Даврон Пиров қаблан дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки баъд аз боздошти Сиёвуш дигар аз ӯ ягон иттилое надоранд ва ӯ низ бедарак аст. Даврон Пиров 50 сол дорад ва нӯҳ моҳи пеш ҳамроҳ бо фарзандонаш барои кор ба Русия рафта буд.

Сиёвуш Давронзода, Давлатёр Ҳоҷиев ва Сулаймон Бурҳонов рӯзи 14-уми август аз сӯи Хадамоти федеролии амнияти Русия ё ФСБ боздошт шуданд. Хонаводаҳои ин се нафар, ки бо ҷурми терроризм боздошт шудаанд, иттиҳомро мармуз ва дур аз боварӣ арзёбӣ карда буданд.

Мақомоти амниятии Русия онҳоро “ҷангҷӯёни ДИИШ” номида, додгоҳи ноҳияи Лефортовои шаҳри Маскав дар пушти дарҳои баста ҳукми ҳабси онҳоро ба мӯҳлати ду моҳ содир кард. Додгоҳи Лефортово рӯзи 14-уми августи имсол ҳукм кард, ки се шаҳрванди Тоҷикистон – Сиёвуш Давронзода, Давлатёр Ҳоҷиев ва Сулаймон Бурҳонов бояд то 11-уми октябр дар боздоштгоҳи муваққаттӣ нигоҳдорӣ шаванд.

XS
SM
MD
LG