“Илоҳо рӯзат ба маош монад”. Дар Тоҷикистон агар нафаре аз касе ранҷад, метавонад, нисбат ба ӯ чунин дуо кунад. Шояд бисёриҳо ҳайрон шаванд, ки аслан ин гуфта чӣ бадӣ дорад? Вале як назар ба вижагии бозори кор дар Тоҷикистон кофист, ки умқи фалсафаи ин ибораи халқӣ боз шавад.
Ҷойи кор ҳаст, аммо маош 400-500 сомонӣ. Ин маош ба ҳамон роҳкиро намерасад, куҷо расад ба харҷи шикам ва оила. Ин хел корро интихоб кунӣ, меравию меоӣ ва туфлиат медарад. Ба ҷойи фоида зарар мебинӣ
Баръакси стереотипи роиҷ (тасаввури шахшуда), ки дар Тоҷикистон ҷойи кор нест, Оҷонсии шуғли аҳолии Вазорати меҳнат мегӯяд, айни замон танҳо дар феҳрасти марбут ба ин ниҳод то 10 ҳазор ҷойи кори холӣ мавҷуд аст. Аммо корҷӯён барои дарёфти ин корҳо шитоб надоранд.
Ниёз Қурбонов, муовини раиси Оҷонсии шуғли аҳолии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон, рӯзи 15-уми сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, айни замон дар феҳрасти ҷойҳои холии кор дар ин оҷонсӣ ҳудуди 10 ҳазор ҷойи корӣ сабт шудааст. Ӯ гуфт, "шумораи хоҳишмандоне, ки ба ин ҷойҳои корӣ раванд, кам аст. Музди маоши миёнаи ҷойҳои холии коре, ки мо пешниҳод мекунем, 600 - 800 сомонӣ аст. Моҳҳо ин вакансияҳо холӣ мемонанд ва мо ҳар моҳ феҳристро нав мекунем".
Ин масъули Оҷонсии шуғли аҳолӣ мегӯяд, дар феҳрасти ин ниҳод эълонҳои ҷойи корӣ аз корхонаву идораҳои давлатӣ ва ҳам аз бахши хусусӣ ҷой карда шудаанд.
"Ин маош ба роҳкиро намерасад..."
Аммо корҷӯён мегӯянд, ҷойҳои корие, ки ин оҷонсӣ пешниҳод мекунад, ба дард намехӯранд ва ба ибораи яке аз корҷӯён, ки бо Радиои Озодӣ ҳамсуҳбат шуд, “аз ин гуна корҳо дида бекорӣ хубтар аст”. Ҷаъфар Назирмадов донишгоҳро бо ихтисоси муҳандиси барқ хатм кардааст ва, инак, ду сол боз ҷойи кор меҷӯяд. Ӯ гуфт, “чанд дафъа ба ярмаркаҳои ҷойҳои холии кор рафтам, ки ҳамин оҷонсии шуғли аҳолӣ ташкил карда буд. Ҷойи кор ҳаст, аммо маош 400-500 сомонӣ. Ин маош ба ҳамон роҳкиро намерасад, куҷо расад ба харҷи шикам ва оила. Ин хел корро интихоб кунӣ, меравию меоӣ ва туфлиат медарад. Ба ҷойи фоида зарар мебинӣ”.
Видео: Харҷи якмоҳаи шумо чанд аст?
Ин ҷавони тоҷик мегӯяд, айни замон ният дорад ба Русия ба муҳоҷират равад ва дар ин бобат аз дӯстонаш машварат мепурсад. Назирмадов мегӯяд, агар дар Тоҷикистон ҷойи коре бо маоши ҳадди ақал 1500 сомонӣ пайдо мекард, дар фикри муҳоҷират намешуд.
Бетаваҷӯҳии корҷӯён дар Тоҷикистон ба ҷойҳои холии кор дар ҳолест, ки дар кишвар беш аз 54 ҳазор нафар ба ҳайси бекор сабт шудааст. Аммо бино ба арзёбии Бонки Ҷаҳонӣ шумори бекорон дар Тоҷикистон аз омори расмӣ се маротиба бештар аст.
Чаро ҷойҳои холии кор сарфи назар мешаванд?
Бар илова ҳудуди 800 ҳазор муҳоҷири тоҷик дар Русия ва Қазоқистон дар ҷустуҷӯи кор ҳастанд. Пас, чаро корҷӯён дар Тоҷикистон ҷойҳои кори мавҷудбударо сарфи назар мекунанд?
Музаффар Олимов, ҷомеашинос ва таҳлилгари мустақил дар Тоҷикистон, гуфт, сабаби аслии камтаваҷуҳии корҷӯён ба ин гуна вакансияҳо кам будани мизони маош аст. Ӯ гуфт, “вақте маош 600-800 сомонӣ аст, албатта, корҷӯён ба ин гуна корҳо таваҷҷуҳ намекунанд. Ин 70-80 доллар аст ва бо чунин маош ва он нархҳое, ки ҳозир дар бозор аст, намешавад зиндагӣ кард”.
Олимов гуфт, бар замми ин аксари чунин ҷойҳои кор мавсимӣ ҳастанд ва барои ҳамин корҷӯён ҳам ба онҳо таваҷҷуҳ намекунанд.
Дар ҳамин ҳол, дар Тоҷикистон як зумра ҷойҳое кор ҳастанд, ки бо вуҷуди кам будани маошаш даҳҳо довталаб дорад. Идораҳое чун Хадамоти гумрук, андоз, Бонки миллӣ ва Оҷонсии зиддифасод сари чанд вақт барои ишғоли мансабҳои холӣ озмун эълон мекунанд, ки маошаш аз 600 то 1000 сомонӣ аст. Аммо ин ҷойҳои кор бетаваҷҷуҳ намемонанд. Дар як озмуни ҷойи кор, ки ахиран Хадамоти гумрук эълон карда буд, то 20 нафар довталаб шуда буданд.
Таваҷҷуҳ ба Хадамоти гумрук, Оҷонсии зиддифасод...
Вале бо ин вуҷуд даҳҳо ҷойҳои корие бо маоши баланд дар феҳрасти Оҷонсии шуғли аҳолӣ моҳҳо боз холист.
Зафар Абдуллоев, иқтисоддони тоҷик, мегӯяд, сабаби ба миён омадани чунин як тазодд дар он аст, ки ҳама корҷӯён мефаҳманд, дар паси маошҳои 600-сомонии баъзе ниҳодҳо даромадҳои дигар ва қудрату обрӯ меистад. Аз ин рӯ, ҳама талош мекунанд “ба ҷӯи пул наздиктар шаванд”. Ӯ гуфт, “як истилоҳе вуҷуд дорад, ки хосияту табиати ин гуна корҳоро баён мекунад. Онро иқтисоддонҳо “ришватпазирӣ” мегӯянд. Ин аз ҳамон қабил ҷойҳои корест, ки ҳаҷми ришватпазириаш хеле болост. Фаразан агар даромадҳои расмиву ғайрирасмии як муаллим ҳадди аксар то 3 ҳазор сомонӣ бошад, аз як имзои фарз кардем, як раёсати гумрук тақдири миллионҳо сомонӣ вобаста аст. Вақте дар паси тасмими як нафар ин қадар пул меистад, албатта, сӯистифода аз мансаб ва судҷӯӣ ҷой хоҳад дошт”.
Мушкили Тоҷикистон бекорист ва ё маоши кам?
Ба муҳоҷират рафтани наздик ба як миллион нафар, набуди ҷойи кор ва таъмини аҳолӣ бо шуғл дар дохили Тоҷикистонро мунтақидон аз камбудҳои аслии ҳукумати кунунии Тоҷикистон медонанд. Аммо иқтисоддонҳо мегӯянд, дар асл мушкили Тоҷикистон на камбуди кор, балки маоши паст аст, ки коргаронро барои кор дар дохили кишвар ҷалб намекунад.
Собирҷон Носирҷонов, муҳосиби таҷрибадори тоҷик мегӯяд, сабаби аслии паст будани мизони маош хусусан дар бахши хусусӣ андозҳои баланд аст. Ӯ гуфт, “кордеҳ тақрибан нисфе аз маошеро, ки ба коргар медиҳад бояд ба андоз супорад. Вақте хароҷоти андози коргар зиёд аст, кордеҳон низ наметавонанд ба коргарон маоши болотар пардохт кунанд”.
Носирҷонов афзуд, аз ин рӯ, бисёре аз кордеҳон маоши воқеии коргаронро дар конверти алоҳида медиҳанд, ки аз чашми андозу омор пинҳон мемонад.
Зимнан сатҳи маоши миёна дар Тоҷикистон дар муқоиса бо ҳамаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз ҳама пасттар аст. Айни замон мизони миёнаи маош дар Тоҷикистон 120 доллари амрикоист.