Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Сари кафида зери тоқӣ"


Сари хами раисони бонкҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи ҳукумат акси хотирмони ин нишаст буд, ки рӯзи гузашта баргузор шуд.

Онҳое, ки ҷараёни нишастро аз тариқи телевизион тамошо карданд, мегӯянд, ҳукумат аз рӯи усули "сари кафида зери тоқӣ" амал кард ва нахост камбуди мақомот аз толор берун равад.

Пойгоҳи фейсбукии “Хабарҳои иқтисодии Тоҷикистон” бо ишора ба сари хами Муродалӣ Алимардон, Ҷамолиддин Нуралиев, Ҳасан Асадуллозода ва дигарон мухтасар навишт, “ин вазъи воқеии бонкҳои Тоҷикистонро нишон медиҳад”. Вебсайти президенти Тоҷикистон шоми 18-уми январ гуфт, дар ин ҷаласа Эмомалӣ Раҳмон аз мушкилоти соҳаи бонкдорӣ, вазъи иқтисодиву молӣ, андоз ва гумрук интиқод кард ва аз мақомот хост, ки аз пайи ислоҳи вазъ шаванд.

Ҷаласаи паси дарҳои баста

Ҷаласаи ҳисоботии ҳукумати Тоҷикистон шоми панҷшанбе аз мавзӯи аслии барномаҳои хабарии телевизиони давлатӣ буд. Вале онҳое, ки мехостанд на аз хабари расмӣ, балки аз ҷараёни баргузории ҷаласа огаҳ шаванд, чунин имконро надоштанд. Ҷаласа паси дарҳои баста ҷараён гирифт ва барномаҳои хабарии телевизионҳои давлатӣ танҳо хулосаи ин нишастро намоиш доданд. Бар илова, ҷаласаи имсолаи ҳукумат ба фарқ аз солҳои пеш бо “қайчизанӣ”-ҳои зиёд пахш шуд. Танҳо дар ду маврид суханронии президент кӯтоҳ нишон дода шуд.

Тавре аз гузориши шабакаҳои давлатӣ ба назар мерасид, ишораҳои норозиёнаи президент ба бархе аз вазирону раисон буд, ки дар соли 2017 пешрафт надоштанд ва ё бадтар аз он ба иштибоҳ роҳ доданд. Барои мисол, вақте президент дар бораи Вазорати молия суҳбат мекард, вазири молия ва муовинонаш аз ҷой бархоста, бо эҳсоси гуноҳ ба тарафи президент нигоҳ мекарданд. Дертар, дар нимаи дувуми рӯзи 19-уми январ фармони президент дар бораи барканории Абдусалом Қурбониён содир шуд. Ҳоло ба ҷои ӯ Фазлиддин Қаҳҳорзода вазири нави молия таъйин гардид.

"Нахостанд, гапи дохил ба берун барояд"

Алишер Зарифӣ, рӯзноманигори тоҷик мегӯяд, мардум вақте сарусадо дар бораи тағйироти кадриро мешунаванд, ба тафсилоти бештар алоқа доранд. Онҳо мехоҳанд бидонанд, ки президент дар ин робита чӣ гуфт ва посухи мақомот чӣ буд.

“Фикр мекунам, агар ҷаласаи солонаи ҳукумат, мисли ироаи паёми президент дар ҳамаи шабакаҳо ба таври зинда пахш карда шавад, беҳтар аст. Мардум огоҳ мешаванд, ки дар кишварашон чӣ мегузарад. Ман бо таассуф мегӯям, ки дар ин ҷаласа намояндаҳои расонаҳои мустақил роҳ дода намешаванд. Шояд ин ба хотири ин аст, ки расонаҳои мустақил ҳар танқиду камбуде ҳаст, ошкор мекунанд”, - афзуд ӯ.

Алишер Зарифӣ
Алишер Зарифӣ

Хабарнигорони дигар, ки ҷараёни ин нишастро аз тариқи телевизион тамошо карданд, мегӯянд, ҳукумат ё тасмимгирандагони пахши ҷаласа аз рӯи усули "сари кафида зери тоқӣ" амал карданд ва нахостанд камбуди мақомот аз толор берун равад. Зеро дар ниҳояти амр президент ба ин нафарон эътимод кард ва онҳоро ба ин мақомҳо сазовор дониста буд.

"Гуфтем, ки "ажиотаж" нашавад"

Аммо як мақоми наздик ба ҳукумати Тоҷикистон дар суҳбати бидуни микрофон ба Радиои Озодӣ сабаби кӯтоҳ ва мухтасар пахш шудани ҷараёни ҷаласаи солонаро шарҳ дод. Ӯ гуфт, “ин тасмим ба хотири роҳ надодан ба “ажиотаж” ё дар ҷомеа сар назадани вокунишҳои манфӣ ва ҳаргуна овозаҳои ноҷо гирифта шуд”.

Ҷаласаи солонаи ҳукумати Тоҷикистон маъмулан дар оғози соли нав баргузор шуда, тағйироти кадриро дар пай дорад. Дар ҷараёни ҷаласаи рӯзи 18-уми январ ҳеч тағйирот эълон нашуд, вале президент ишора кард, ки “ба зудӣ хоҳад шуд”.

Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Тасодуф ё маъмул, ки тасмимҳои муҳими сиёсӣ дар бисёр кишварҳои дунё рӯзи ҷумъа эълон мешавад. Тоҷикистон ҳам аз ин “суннат” пайравӣ кард ва амру фармонҳои президент нимаи дувуми рӯзи 19-уми январ пушти сари ҳам содир шуданд.

Баъзеҳо аз мақом комилан барканор шуданд, ё ба мансаби дигар гузаштанд. Бархе ба нафақа рафтанд ва баъзеи дигар аз мақоми муовинӣ ба раисӣ раисиданд. Гуфта мешавад, ин тағйирот ниҳоӣ нест ва дар баъзе идораҳои дигар ҳам идома хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG