Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВКД: Фахриддин Ҳасанов ба узвият дар ДИИШ муттаҳам аст


Акси Фахриддин Ҳасанов аз вебсайти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон
Акси Фахриддин Ҳасанов аз вебсайти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон

Мақомоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон баъди тақрибан як ҳафта боздошти Фахриддин Ҳасанов, сокини 26-солаи ноҳияи Панҷи вилояти Хатлонро шарҳ доданд. Онҳо рӯзи 27-уми январ гуфтанд, Ҳасанов ба узвият дар гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” муттаҳам аст ва феълан дар ҳабс қарор дорад.

Меҳриннисо Маматова, модари Фахридин Ҳасанов, рӯзи 24-уми январ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз боздошти писараш хабар дод, вале бархӯрди мақомотро нодуруст шуморид. Ӯ гуфт, ки писараш аз Туркия баргашта буд. Ҷое, ки ба иддаои ӯ тайи ду соли ахир дар сохтмон кор мекард.

“Бе ягон ҳарфу ҳиҷо ба дасти писарам завлона зада, бо худ бурданд”, - навишт Меҳриннисо Маматова дар саҳифааш дар Фейсбук.

Аммо мақомоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфтанд, Фахриддин Ҳасанов аз тарафи язнааш Баҳромҷон Шарифов, ки узви фаъоли ДИИШ ном бурда мешавад, ба ин созмони террористӣ пайвастааст. Мақомот мегӯянд, ҳанӯз қабл аз бозгашташ алайҳи Фахриддин бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла ҷалб ва иштирок дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар ифтитоҳ шуда буд.

Фахриддин Ҳасанов рӯзи 21-уми январ аз Истанбул ба Тоҷикистон баргаштааст

Дар ҳоле ки модари Фахриддин Ҳасанов мегӯяд, фарзандаш бо созмонҳои ифротгаро ҳеч иртибот надорад, мақомот баръакс худи ӯро барои фаро гирифтани фарзандонаш бо таълими динӣ дар хориҷи кишвар, аз ҷумла Миср муттаҳам карданд. “Худи ӯ тӯли 10 моҳ бо фарзандонаш дар он ҷо қарор дошта, бо ақидаҳои бегона ошно гаштааст”, - гуфта шудааст дар баёнияи Вазорати умури дохилӣ.

Бино ба иттилои расмӣ, беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои ширкат дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ ба сафи гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” пайвастаанд.

XS
SM
MD
LG