Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон сокинони ду деҳаи ҳаммарз бо Исфараро кӯчонд


Мақомоти Қирғизистон шаби 14-уми март ва баъди муноқишаи маргбор дар сарҳад, сокинони ду деҳаи ҳаммарз бо Исфараи Тоҷикистонро ба маконҳои дигар кӯч додаанд.

Дар баёнияи ҳукумати Қирғизистон гуфта шудааст, ки онҳоро тариқи автобус ва мошинҳои сабукрав ба шаҳри Бодканд бурданд. Баёния рӯзи 15-уми март нашр шуд.

Бино ба хабари ҳукумати Қирғизистон, сокинони рустои Оқсой ва Куктош дар бинои литсейи касбии рақами 57 ва хонаҳои истиқоматӣ дар кӯчаи С.Айтматов ҷобаҷо шудаанд. Бархе ба хонаҳои наздикони худ рафтаанд.

Чингиз Есенқулов, сардори дафтари матбуоти ҳукумати Қирғизистон, аз посух гуфтан ба суоли Радиои Озодӣ дар бораи онки кӯч додани сокинони Оқсой ва Куктош ба шаҳри Бодканд чӣ маъно дорад, худдорӣ кард. Ӯ рӯзи 15-уми март гуфт, "ин тасмими муваққатист ва асосан занону кӯдаконро барои оромиши онҳо ба ҷойи дигар бурдаанд".

Муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 13-уми март ва баъди оғози сохтмони роҳи Оқсой-Тамдиқ оғоз шуд. Моҷаро ду рӯз давом кард ва дар натиҷаи он ду шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва беш аз ду ҷониб зиёда аз бист нафар захмӣ шуданд.

Музокироти мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 15-уми март баргузор шуд. Ба иттилои ҷониби Қирғизистон, ду тараф тавофуқ кардаанд, ки "гунаҳкорони низоъ"-ро муайян ва нисбат ба онҳо "қарори воқеӣ" қабул мекунанд.

Тарафи Тоҷикистон ҷузъиёти музокиротро ошкор накардааст.

Хатти марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр тӯл дорад ва то кунун танҳо 504 километри он таъйин ва аломатгузорӣ шудааст.

Дар минтақаҳои номуайяни марз, умдатан дар байни вилоятҳои Суғд ва Бодканд, сокинон борҳо барои дастрасӣ ба обу чарогоҳ даст ба гиребон шудаанд.

XS
SM
MD
LG